МУРОҶИАТНОМАИ Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон29-08-2017, 13:28
Хабарро хонданд: 255 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 29.08.2010./АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, дирӯз, 28 август, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳим, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расониданд. Тағйироту иловаҳои мазкур ба қонунгузории ҷории мамлакат дар байни мақомотҳои давлатию ғайридавлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар байни мардуми оддӣ ҳамовозии гарму ҷӯшон ба амал овард. Ҳоло Муроҷиатномаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳамин ҳоло ба дасти мо расид, пешкаши хонандагон мегардонем. Н.СаидовШўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ниҳоди асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакатро, ки лоиҳаи он аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат пешниҳод шуда буд, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Бояд гуфт, ки зарурати қабули як қатор меъёрҳои навро таҷрибаи рӯзгор, рафти баргузории ҷашну маросимҳо, омӯзиши афкори иҷтимоӣ дар байни қишру табақаҳои гуногуни ҷомеа ва раванди афзояндаи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ба миён гузошт. Қобили зикр аст, ки масъалаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо соли ҷорӣ дар ҷаласаҳои Шўрои ҷамъиятӣ ду маротиба, аввал оид ба рафти амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва баъдан перомуни Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли ҷомеаи кишвар ба муносибати 10-солагии қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аъзои Шўрои ҷамъиятӣ: ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию-фарҳангӣ, иттиҳодияҳо, иттифоқҳову ассотсиатсияҳо ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар рафти муҳокимарониҳо оид ба такмили лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳодҳои мушаххас баён карданд. Мо аз он қаноатмандем, ки пешниҳодҳои аъзои Шўрои ҷамъиятӣ низ дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» инъикос ёфтанд. Тавре ки мебинем, тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда мутобиқати комил бо муқаррароти фарҳанги миллӣ ва омӯзаҳои динию мазҳабии мо доранд ва асосан ба хотири ҳимоят аз манфиатҳои мардум таҳия шудаанд. Аз ин рў, дар татбиқи муваффақонаи ин Қонуни миллӣ, дар баробари Давлат ва Ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ низ масъул ва муваззафанд. Зеро риояи бечунучарои меъёрҳои ин санади миллӣ бурди ҷомеа, Давлат ва Ҳукумат мебошад. Қонуни мазкур, пеш аз ҳама ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, пешгирии хароҷоти беҳуда, танзими расму оинҳо ва ҷашну маросимҳои миллию аҷдодӣ, ҳифзи онҳо аз ҳар гуна хурофоту таассуб, самаранок истифода бурдани сармояи инсонӣ ва дар ниҳояти кор барои рушди минбаъдаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар ҳаматарафа мусоидат менамояд. Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шарҳу эзоҳи қонуни мазкур корҳои фаҳмондадиҳиро якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таври васеъ ба роҳ монда, дар амалӣ гардидани он дастҷамъона саҳм мегузорад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.