
Дар толори маҷлисгоҳи муссисаи таҳсилоти миёни умумии №97 бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Саидов Ҷамшед Ҳамроқулович, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Файзуллозода Заррина, мудири шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳияи Синои шаҳари Душанбе - Рамазонов Эраҷ, вакилони маҷлисҳои шаҳрию ноҳиявӣ мудирони шӯъба ва бахшҳои мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо сокинони маҳаллаҳои “Ободкорон”, “Испечак-1”, ва муаллимони муассисаи таълими вохӯри баргузор гардид.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Саидов Ҷамшед Ҳамроқулович атрофи фаъолияти шаш моҳаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди интихобкунандагон ҳисобот дод.
Зимни вохӯри дар бораи қабули як қатор қонунҳо, ворид намудани тайғиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда ибрози андеша намуд. Аз ҷумла дар бораи ворид намудани тайғиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии кишвар суханрони кард.