Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҳамкории кумитаи иҷроия бо ташкилоти ҷамъиятӣ

Ҳамкории кумитаи иҷроия бо ташкилоти ҷамъиятӣ

28-10-2015, 09:47
Хабарро хонданд: 357 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамкории кумитаи иҷроия бо ташкилоти ҷамъиятӣ
Бо мақсади ба роҳ мондани омӯзиши ҳунарҳои миллӣ, вусъат бахшидан ба истеҳсоли маҳсулотҳои ҳунармандии нодир, баровардани он ба бозорҳои ватанӣ ва хориҷӣ кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳамбастагӣ бо кумитаи ибтидоии иҷроияи минтақаи Ёва ҳамкориро бо ташкилоти ҷамъиятии «Маркази рушди туризм» ба роҳ монд.

Тибқи барномаи Маркази мазкур барои хонандагони синни калони мактабӣ ва соҳибхоназанон курси омӯзишии семоҳаи ҳунарҳои гулдӯзии миллӣ, зардӯзӣ, омода намудани тӯҳфаҳои (сувенир) миллӣ ташкил карда шудааст. Айни ҳол ба курси омӯзишӣ 15 нафар ҷавондухтарону занҳои бекори ҷамоати деҳоти Ёва ҷалб карда шуда, фаъолияти он аз санаи 27 октябр оғоз гардид. Дар расми кушодашавии курси омӯзишӣ роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Маркази рушди туризм» Исомуддинов Баҳриддин, раиси КИН ҲХДТ М.Мирпочоева, муовини озоди раиси кумитаи ибтидоии иҷроияи минтақаи Ёва Солиева М. иштирок ва баромад намуданд.

Зимни суханронӣ эшон қайд намуданл, ки ҳамкории тарафайн минбаъд баҳри рушди ҳунарҳои миллӣ, муаррифии он ба меҳмонони ватаниву хориҷӣ ва бо ҷои корӣ таъмин намудани соҳибхоназанҳо мусоидат хоҳад кард.
©Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар в.Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: