Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҳамкории ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо дигар ташкилотҳо

Ҳамкории ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо дигар ташкилотҳо

12-10-2015, 13:00
Хабарро хонданд: 516 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамкории ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо дигар ташкилотҳоҶиҳати амалӣ сохтани бандҳои Оинномаи ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар бораи ҳамоҳангсози бо дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Ф.Ҳоҷиев санаи 12 октябри соли равон дар заминаи Гимназияи №1 бо ташкилоти ҷамъиятии “Ҷавонони ташаббускори Тоҷикистон” мизи мудаввар дар мавзӯи “Таҳсилоти духтарон - дастовардҳо ба қадамҳои оянда” дар доираи лоиҳаи “Таҳсилоти духтарон” гузаронид.
Дар ҷаласа роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия Б.Ғафуров Ҳоҷиев Ф, роҳбари ТҶ “Ҷавонони ташаббускори Тоҷикистон” Зарнигор Раҷабова, намояндаи Юнисеф Фарида Каримова, намояндаи шӯъбаи маориф Обида А, намояндагони АВО (Асотсиатсияи волидайн ва омӯзгорон)-и мактабҳои ноҳия ва ҷавондухтарони фаъоли мактабҳои ноҳия ширкат варзиданд. Мақсади лоиҳаи мазкур ҳарчи бештар ҷалб кардани духтарон ба зинаи сеюми таҳсил мебошад. Бояд ёдовар шуд, ки моҳи августи соли равон кумитаи иҷроия ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳия дар доираи аксия вилоятии “Роҳ ба сӯи мактаб” дар ин самт корҳои назаррасро ба анҷом расонид ва Ҳоҷиев Ф. дар ин бобат ба сухан баромада зарурати амалишавии лоиҳаи мазкурро қайд кард. Мавсуф изҳор дошт, ки имрӯз танҳо 86,2 % духтарон ба зинаи сеюм ҷалб шуданд, ки ин аз ҳар яки мо тақозо мекунанд, то ки дар ин самт корҳоро вусъат бахшем. Роҳбари ТҶ “Ҷавонони ташаббускори Тоҷикистон” Зарнигор Раҷабова низ ба музокира баромада, дар бораи лоиҳа, самтҳои асоси, дастгирии Юнисеф ва таҷрибаҳои пешин дар шаҳрҳои Рашт ва Исфара истода гузашт. Дар охир иштирокдорон бобати дар сатҳи баланд амали сохтани лоиҳа фикру дархостҳои худро баён намуданд.
©КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: