
Санаи 19 октябри соли 2017 дар доираи чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ зери унвони «Таблиғи ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистсон вазифаи хар як узви ҳизб мебошад!» дар ташкилоти ибтидоии «Шифобахш»-и Маркази саломатии шаҳрии №14 бо иштироки Таваккал Камолов –мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо, Абдумаҷид Муминов – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Инъомҷон Ҳаќназаров- директори Марказ, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва аъзоёни ҳизб чорабинии сиёсӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ Инъомҷон Ҳақназаров- директори Марказ, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, Таваккал Камолов –мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Абдумаҷид Муминов – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, баромад намуда, ёдовар шуданд, ки имрўз барои мо ҳамагон боиси ифтихор ва сарбаландист, ки дар атрофи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда кору фаъолият дорем.

Зимни чорабинӣ дигар масъалаҳо перомуни таблиғот ва ташвиқоти Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистсон мавриди баррасӣ ќарор гирифт.
Мутахассиси шўъбаи таблиғот ва иттилооти
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Ҷ.Нарзиқулов