Дар Амбулаторияи тиббии оилавии №3-и Маркази саломатии шаҳрии №2 дар ноҳияи Сино маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлис Муминов Абдумаҷид- мудири шуъбаи таблғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино, Қаюмов Хайриддин- директори Маркази саломатии шаҳрии №2 ва Қурбонова Зайнаб– сардори шуъбаи Амбулаторияи тиббии оилавии №3 иштирок намуданд.
Маҷлиси муассиони ташкилоти ибтидоиро Қурбонова Зайнаб– сардори шуъбаи Амбулаторияи тиббии оилавии №3 дар ноҳияи Сино ифтитоҳ карда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Сипас, Муминов Абдумаҷид- мудири шуъбаи таблғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино масъалаҳои ташкилии таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбиро тибқи Оиннома ва Низомномаи ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор дода, аз ҷумла афзуд, ки мутобиқи банди 2, боби 4-и Оинномаи ҲХДТ дар ҳолати мавҷуд будани 5- нафар узви ҳизб ва зиёда аз он ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо мақсади муттаҳид кардани аъзоёни ҳизб ташкил карда мешавад.

Лозим ба зикр аст, ки 14-нафар кормандони Амбулаторияи тиббии оилавии №3-и Маркази саломатии шаҳрии №2 дар ноҳияи Сино, узвиҲХДТ мебошанд ва бо пешниҳоди онҳо ташкилоти ибтидоии ҳизбии ба номи “Истиқбол” ва Қурбонова Зайнаб – сардориш шуъбаи Амбулатория, раиси ташкилоти ибтидои интихоб карда шуд.
Дар фароварди маҷлиси муассисон изҳори боварӣ карда шуд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Истиқбол” яке аз ташкилотҳои бонуфӯзи ҲХДТ хоҳад шуд.
Мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилоотӣ
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино Ҷ. Нарзиқулов