Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Бахшида ба ҷашни Истиқлолият

Бахшида ба ҷашни Истиқлолият

9-08-2017, 10:19
Хабарро хонданд: 237 нафар
Назарҳо: 0
       Бахшида ба ҷашни                                                                                              Истиқлолият

Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз оғози моҳи августи соли ҷорӣ чорабиниҳо баргузор шуда истодааст.
Аз ҷумла дар ҳафтаи сипарӣ гардида, зери мавзуъи «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат» дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Ворисони Сино»-и Маркази тиббии шаҳрӣ ба номи К.Ахмедов бо иштироки муовини раис – роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Изатуллои Ҳабибзод ва кормандони Марказ ва Муминов Абдумаҷид – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроия чорабинӣ баргузор гардид.
Чорабиниро нахуст Толибов Абдуваҳҳоб – муовини директори марказ бо муаррифӣ кардани меҳмонон оғоз намуд.
И.Ҳабибзод аз рӯи мавзуъи чорабинӣ баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки бисту шаш сол пеш халқи куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ба дастоварди муқаддасу таърихӣ – истиқлолияти давлатӣ мушарраф гардид, ки ҳоло мо ин рӯйдоди бузургро бо эҳсоси ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ И.Ҳабибзод ба 15 нафар ҷавонони Марказ, ки бори аввал ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомил шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорид.

Мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино Ҷ. Нарзиқулов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: