Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мақсади Қонуни танзим ҳимояи манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум аст

Мақсади Қонуни танзим ҳимояи манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум аст

18-10-2017, 09:16
Хабарро хонданд: 215 нафар
Назарҳо: 0
 Мақсади Қонуни танзим ҳимояи манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум аст
Бо мақсади тақвияти корҳои таблиғотию ташвиқотӣ оид ба шарҳу тавзеҳоти тайғиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон » ва ҳимоя аз арзишҳои миллӣ тибқи дастуру супоришҳои протоколии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки бевоситаи Комиссияи ҷамъиятии доимоамалкунанда оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ ва шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолии ноҳия баргузор гардида истодааст.
Аз ҷумла вобаста ба масъалаи мазкур 16– октябри соли 2017 дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Маркази миллии тиббӣ»-и ҲХДТ зери мавзӯи «Мақсади Қонуни танзим ҳимояи манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум аст» чорабини баргузор гардид, ки аз рӯи он Ҳаётзода Нурхон - директор Марказ, раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ андешарони кард. Мавсуф аз ҷумла зимни суханронии хеш ёдовари шуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тайғиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба муносибати 10- солагии қабули Қонуни мазкур дар асоси дархосту пешниҳодҳои сокинони мамлакат зимни мулоқоту вохӯриҳо таҳия гардид.
Зимни чорабини дар бораи як қатор меъёрҳои нави пешниҳод гардида, ки онҳо барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ равона карда шудаанд, суханрони карда шуданд. Аз ҷумла, дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбон оростани дастархони маънавии хоксорона ва роҳ надодан ба исрофкорию зиёдавравӣ, минбаъд хатна дар доираи оила бе хизматрасонии санъакорон ва хатна бо розигии падару модар аз рӯзи тавалуди писар то рӯзи бистуми баъди тавалуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба тври ройгон, бо тартиби муқарраргарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурӯстӣ гузаронида мешавад.
Ҳамчунин дар бораи ворид гардидани тайғиру иловаҳо ба моддаи 10, 11 ва 12 қонуни мазкур оид ба баргузории тӯи домодию арусӣ, маросими дафну азодорӣ, гузаронидани маъракаи маъни «ҳоҷизиёрат», тартиби баргузории ҷашну маросимҳо ва оид ба ворид гардидани тайғиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳти пурзӯр кардани риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон » дар рафти баргузории чорабини андешарониҳо карда шуд.
Дар фарҷоми чорабини аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани тамоми санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи кишвар ва барои пешгирии қонуншиканӣ тамоми чораҳоро андешида шавад.
Бояд ҳамагон дарк намоем, ки яке аз воситаи асосии ноил шуда ба шароити арзанда ва муназзами зиндагӣ маҳз амалӣ шудани қонунҳои амалкунандаи мамлакат ва муттаҳид будан дар атрофии сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.


Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: