Афзоиши сафи ҳизбиён27-10-2015, 15:51
Хабарро хонданд: 358 нафар
Назарҳо: 0
Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳр аз ҲХДТ, аъзои раёсати КИ ҲХДТ ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти фабрикаи заршӯӣ ва иштироки бевосита дар ифтитоҳи тӯйхонаи «Ҳидоят» ба шаҳраки Консой сафари корӣ анҷом дод. Ҳамчунин муовини вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Сайдулло Гардуллозода, муовини Раиси вилояти Суғд Заробиддин Файзуллозода, раиси КИ ҲХДТ Каромат Қосимова ва мудирони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба гуруҳи корӣ ҳамроҳ буданд.
Дар соли рушди фарҳанг, ки дар қаламрави вилоят эълон шудааст, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Сафаров Рустам бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, директори генералии ҶМ ТКММ «Апрелевка» Бахтиёр Маҷидов тӯйхонаро бунёд намуданд. Тӯйхона дорои 150 ҷойи нишаст буда, 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Раиси шаҳр ва меҳмонон бо буридани лентаи рамзӣ фаъолияти тӯйхонаро ибтидо гузоштанд. Инчунин худи ҳамин рӯз хатнасури чор нафар дӯстрӯякон аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардида, аз нахустин иқдоми хайри вакилон дар ин иншооти фарҳангӣ гардид. Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода, ҳузурдоштагони ҳамоишро ба шукргузорӣ аз соҳибдавлатӣ, саъй баҳри сулҳу субот ва оромии ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаю оқилонаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват кард. Пас Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода ва ҳамроҳонаш ба фабрикаи заршӯӣ ташриф оварданд. Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти фабрика ба васлкунии хатти асосии технологии дуюм Раиси шаҳр, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Сайдулло Гардуллозода ва муовини Раиси вилояти Суғд Заробиддин Файзуллозода, бо пахши тугмаи корӣ ба фаъолияти он оғози расмӣ бахшиданд. Сипас директори генералии ҶМ ТКММ «Апрелевка» Бахтиёр Маҷидов муовини Раиси вилояти Суғд Заробиддин Файзуллозода, Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода ба сухан баромаданд. Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова баромад намуда, ба 16 нафар фаъолони коргоҳ шаҳодатномаҳои ҳизбиро супорид. Баъдан ба машъалони истеҳсолот Раиси шаҳр ва меҳмонон мукофотҳои арзишмандро тақдим намуданд. ©Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар в.Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.