Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Баргузории курси омӯзишии вакилон

Баргузории курси омӯзишии вакилон

13-10-2015, 08:10
Хабарро хонданд: 357 нафар
Назарҳо: 0
Баргузории курси омӯзишии вакилонДар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум семинари омӯзишии вакилони Маҷлисҳои маҳалии вакилони халқи шаҳрҳои Қайроққум ва Хуҷанд дар асоси нақшаи муштараки кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ ва Мақомоти иҷроияии ҳокимияти давлатии вилоят баргузор гардид. Дар кори машварат Раиси шаҳри Қайроққум, Сатториён Матлубахон Амонзода, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷалилов Анвар Ҷалилович ва Болтуев Абдусамад-профессор досенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон иштирок ва баромад намуданд. Машваратро Анвар Ҷалилов кушода суханро ба Раиси шаҳр дод. Семинари омӯзиширо Раиси шаҳри Қайроққум, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳр Сатториён Матлубахон Амонзода ҳозиринро хайрамақдам намуда, қайд кард, ки пешниҳоди Кумиҷроияи Марказии ҲХДТ оиди гузаронидани курси омӯзишӣ барои вакилон хеле муфиду саривақти аст, барои вакилони бори аввал интихоб гардида хеле аҳамияти калон дорад. Таъкид гардид, ки вакилон бояд бо Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии шаҳр ҳамкориро зич ба роҳ монда, барои амали гардонидани барномаҳои пешазинтихоботии худ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Давоми сухан ба Болтуев Абдусамад дода шуд. Мавсуф дар бораи ваколатҳои вакилӣ, ӯҳдадорӣ ва ҳуқуқҳои вакилӣ, фаъолияти вакилон дар иҷлосияҳои шаҳрӣ, комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқ ва қонунҳои ба фаъолияти вакилон дахолат дошта сухан ронд.
©КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: