Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Тантанаи Рӯзи Парчам бо иштироки "Созандагони Ватан" дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Тантанаи Рӯзи Парчам бо иштироки "Созандагони Ватан" дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

25-11-2015, 12:30
Хабарро хонданд: 716 нафар
Назарҳо: 0
Тантанаи Рӯзи Парчам бо иштироки "Созандагони Ватан" дар шаҳру ноҳияҳои вилояти СуғдАшт.Имрӯз дар ноҳия рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил гардид, ки дар ин чорабинӣ аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ фаъолона ширкат варзиданд. Чорабинии мазкур бо роҳпаймоии ҷавонону наврасони ноҳия оғоз гардида, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарозии 120-метр аз кӯчаи марказии шаҳраки Шайдон аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то варзишгоҳи ноҳия намоиш дода шуд. Дар роҳпаймоӣ аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан», ташкилотҳои ибтидоии шабакаҳои барқи ноҳия, маорифчиён, беморхонаи марказӣ, ҶСК «Кони намак», мактаби варзишӣ дар қатори дигар корхонаву ташкилот ва муассисаҳои ноҳия ширкат варзида, аз назди мардум бо бардоштани Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами ҲХДТ бо ифтихор ва сарбаландӣ гузаштанд. Чорабинӣ бо садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Раиси ноҳияи Ашт Азимбой Азизӣ мардуми сарбаланди диёрро ба муносибати рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намуд. Зикр гардид, ки имрӯзҳо саросари кишвари азизамон рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз тинҷиву осудагии мамлакат, ободу зебо гардидани ватани азизамон, сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн гирифта шуда истодааст. Сониян дар қисми фарҳангии чорабинӣ санъаткорони ноҳия ба ҳозирин намоиши театрикунонидашуда бахшида ба ин ҷашн ва консерти идона пешкаш намуданд. Зикр кардан бамаврид аст, ки бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми биноҳои маъмурии корхонаву ташкилотҳои ноҳия, биноҳои истиқоматӣ, кӯчаву маҳаллаҳо бо Парчам ва шиору овезаҳои ҷашнӣ оро дода шуда, ноҳия намуди идона ба бар намудааст. Чорабиниҳо бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дошта, Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб низ кӯшиш менамояд, ки дар ин самт фаъолиятро тақвият бахшад.

Тантанаи Рӯзи Парчам бо иштироки "Созандагони Ватан" дар шаҳру ноҳияҳои вилояти СуғдШаҳристон. Ба муносибати рузи Парчами миллӣ дар кучаи марказии ноҳияи Шаҳристон бо ташаббуси бахши ТҶҶ «Созандагони ватан» дар ноҳияи Шаҳристон ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия дар ҳамкории МИҲД ташкил ва гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 2 ҳазор иштирокчиён роҳпаймоӣ намуда, бо намоиши парчами 100 метра иштирок намуданд. Инчунин бо иштироки санъаткорони ҷавонони болаёқат консерти идона барои болида намудани таъби иштирокчиён намоиш дода шуд. Дар роҳпаймоии мазкур ҷавонони шинохтаи ноҳия ба амсоли гирандагони стипендияи Президентӣ ва стипендияи Раиси ноҳия, иштирокчиёни мусобиқаҳои ҷумҳурияви ва байналмиллали иштирок намуданд. Чорабинии мазкур дар сатҳи баланди оммавию фарҳанги ташкил ва гузаронида шуд.

Истиқлол. Санаи 24-уми ноябри соли ҷорӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол ва МИҲД-и шаҳр аксияи «Сулҳ ба ҳама» доир гардид. Маросими ифтитоҳи он дар маркази шаҳр–майдони ба номи Б.Ғафуров баргузор шуд. Зиёда аз 1500 нафар ҷавонон дар аксияи мазкур иштирок дошта, аз қисми поёни шаҳр аз назди Маркази савдо то майдони Нишони Давлатӣ ва баъд то назди Қасри Фарҳанг роҳпаймоӣ бо навиштаҷотҳои гуногун бо мавзӯи «Сулҳ» доир карда шуд. Баъд дар толори Қасри Фарҳанг вохӯрии намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ҳамчун ҷамъбасти аксияи «Сулҳ ба ҳама» бо иштироки намояндагони тамоми корхонаву ташкилотҳои шаҳр бо тақсимоти маводҳои тарғиботӣ гузаронида шуд.

Бобоҷон Ғафуров. Дар доираи чорабиниҳои кумитаи иҷроияи дар ҳамбастаги бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳия бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Қасри фарҳанги ҷамоати Унҷи бо иштироки 300 нафар аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”, ҷавонон ва наврасони фаъол чорабини таҳти унвони “Ҷавонон – парчамбардори миллат” баргузор гардид. Роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия Ф.Ҳоҷиев ба чорабини ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳадаф ва мақсади асосиро ба аҳли нишаст иброз намуд. Мавсуф қайд кард, ки имрӯз боиси ифтихор ва сарфарозист, ки мо ҷавонон соҳиби рамзи давлатдории хеш хастем ва бояд ҳама Парчамбардори давлати хеш бошем. Устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, номзади илмҳои филологи Ислом Раҳимов, бобати аввалин Парчами Ориёинаҷод, ки таърихи 9000 сола дорад ва дирафшҳои ҳар давру замон то ба имрӯз тавассути намоиши намуд ва мазмуну мундариҷаи он маърӯза кард. Раиси КИН ҲХДТ М.Мирпоччоева зимни суханрониаш доир ба гиромидошти рамзҳо ва муқаддасоти Тоҷикистон, тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиноси ва ифтихори миллӣ истода гузашта ҳозиринро ба фарорасии ҷашни бузурги миллӣ Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуд. Сипас, устоди ДДҲБСТ Ислом Раҳимов ба суолҳои иштирокдорон ҷавобҳои мушаххас дод. Бояд тазаккур дод, ки ҷавонону наврасон ба чорабини бо як руҳияи баланди ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ширкат варзида арҷгузории хешро нисбати Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон доданд. Дар толор наздик 100 Парчамҳои калону хурд парафшони намуда, толорро фазои шукргузори аз соҳибистиқлоли, эҳтиром нисбати рамзҳои давлати фаро гирифт. Чорабини дар сатҳи баланди сиёсиву ташкили доир гардид.

Тантанаи Рӯзи Парчам бо иштироки "Созандагони Ватан" дар шаҳру ноҳияҳои вилояти СуғдҶаббор Расулов. Рузи гузашта ноҳияи Ҷаббор Расуловро фазои идона фаро гирифта буд. Маркази ноҳия бо шиору овезаҳои идона ва Парчамҳои давлатӣ оро дода шуда, ба кас руҳияи идона мебахшид ва ҳар як шахс беихтиёр шукргузорӣ аз истиқлолияту сулҳу суботи Ватани азиз мекард. Тантанаҳои Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳпаймоии варзишгарону хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия, ки аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» мебошанд, бо парчами дарозиаш 100 метра аз варзишгоҳи «Ҷавонӣ» то маркази ноҳия назди Қасри фарҳанги «Гулистон» оғоз ёфт. Ҷавонону наврасон бо ифтихор Парчами давлатиро бардошта, бо шукргузорӣ аз истиқлолу сулҳу ободӣ ва сиёсати созандаи Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо нидоҳои «Парчамат парафшон бод Тоҷикистонам!», «Поянда бод Истиқлолияти Тоҷикистон!», «Сулҳу ваҳдат ҷовидон бод!» ва «Парчами Ватани азизро баланд мебардорем!» роҳпаймоиро баргузор намуданд. Дар майдони назди Қасри фарҳанги «Гулистон» барномаи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тантанаи Рӯзи Парчам бо иштироки "Созандагони Ватан" дар шаҳру ноҳияҳои вилояти СуғдҚайроққум. Дар арафаи “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”дар толори шӯъбаи маорифи шаҳр вохӯрии намояндагони ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан” бо донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ, хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 1, 14 ва 8 баргузор гардид. Раиси КИ ҲХДТ Қосимова К.М дар он баромад намуда, ҳозиринро бо Иди Парчам муборакбод намуд. Дар баромад дар бораи таърихи Парчами Тоҷикистон ва аҳамияти он дар давлатдории тоҷикон сухан рафт. Дар ҳамин чорабинӣ дар вазъияти тантанавӣ ба 160 нафар донишҷӯён шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Дар охир аз тарафи донишҷӯён ва хонандагон номераҳои фарҳангӣ ба намоиш гузошта шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: