Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Иштироки фаъоли «Созандагони Ватан» дар чорабиниҳои ҷашнӣ

Иштироки фаъоли «Созандагони Ватан» дар чорабиниҳои ҷашнӣ

25-11-2015, 09:20
Хабарро хонданд: 356 нафар
Назарҳо: 0
Иштироки фаъоли «Созандагони Ватан» дар чорабиниҳои ҷашнӣТашкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рўзи Парчами давлатӣ имрўз билборди калонҳаҷми худро, ки дар доираи баргузории аксияи ҷавонии «Сулҳ ба ҳама» таҳия ва нашр гардида буд, дар шафати хиёбони Рўдакии пойтахт насб намуданд, ки рамзи иттиҳоду ягонагӣ ва ҷонибдории ҷавонони кишвар аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Инчунин, субҳи имрўз даҳҳо аъзои фаъоли ҷавони ин ташкилот ба кўчаҳои шаҳри Душанбе баромада, варақаҳои табрикотии ташкилоти ҷавонони ҲХДТ «Созандагони Ватан»- ро ба сокинони шаҳр пешкаш намуданд ва онҳоро бо ин рўзи фархунда табрику таҳният гуфтанд.
Дар нимаи дуюми рўз намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар роҳпаймоии ҷавонон, ки дар маркази шаҳри Душанбе доир гардид, ширкати фаъол намуда, бо парчамҳо ва шиорпартоиҳои ватандўстона ба роҳпаймоии ҷавонон хотима бахшиданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: