Савоби хайр насиби фарзандон аст7-09-2017, 09:10
Хабарро хонданд: 124 нафар
Назарҳо: 0
Дар ноҳияи Деваштич бахшида ба Соли ҷавонон, 26 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-умин солгарди Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми хайриявии «Истеъдоди ҷавон – созандаи Истиқлолият аст» баргузор гардид. Чунин иқдоме, ки дар тамоми гӯшаю канори мамлакат баргузор мегардад, таҳти таассуротҳо аз сиёсати ғамхоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати қишри ниёзманду осебдидаи кишвари азизамон, яъне маъюбону беморон роҳандозӣ гардида, тавре ки Роҳбари мамлакат даъват намуда буданд: «Хайрхоҳ бошед, ки савоб аз хайр насиби фарзандонатон гардад». Инак, бо руҳбаландӣ аз иқдомҳои мардумпарваронаи роҳбарияти кишвар ва дар мувофиқа бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич дар варзишгоҳи марказии ноҳия аз ҷониби Намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар якҷоягӣ бо бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари ноҳия ва дар ҳамкорӣ бо Бахши ҷавонон ва варзиш, ТҶ «Таҳмина» ва ТҶ «Мақсад» консерт – иқдоми хайриявӣ ташкил ва баргузор гардид, ки дар он зиёда аз се ҳазор сокинони хайрхоҳ аз ҳар як гӯшаи ноҳия ширкат варзида, нисбати нафарони маъюб ғамхории худро изҳор намуданд. Махсусан аёдати бемори бистаришуда, ки дар садамаи нақлиётӣ ҷароҳат бардошта, давоми зиёда аз ду сол бистарӣ гардидааст, аз тарафи роҳбарияти вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ташкилкунандагон ба роҳ монда шуд. Ҳамзамон гуруҳи эстрадии санъаткорон бо номи «Парем» дар рафти аёдат бо сароидани наво ба аҳли хонаводаи Салимов Насимҷон дилбардорӣ изҳор намуда, барои Салимов Умедҷон Насимович шифои комилро таманно намуданд. Баргузории чунин иқдомҳо бори дигар аз худ гувоҳӣ медиҳад, ки насли ҷавону куҳани Тоҷикистони маҳбуб нисбати тақдиру шифоёбии ҳамдиёрони бемору маъюби худ бетараф набуда, ҳар як нафар шаҳрванди бо нангу номуси Тоҷикистон диққати худро барои ғамхориву пуштибонӣ зоҳир намудан ба фитодагон равона намудааст ва бо чунин кирдори хайрхоҳонаи худ насли наврасу ҷавонро дар руҳияи инсондӯстиву инсонпарварӣ ва хештаншиносиву худогоҳӣ тарбият менамоянд. Дар замони таззодҳои муосир, ки бо номи дин «душманони халқу давлат» ба несту нобуд сохтани насли ояндасози ин ё он миллату давлат даст зада истодаанд, баргузории чунин чорабиниҳои хайрхоҳона ва иштироки фаъолонаи мардуми некандешу некбин нишонаест аз ҷонибдории сиёсати дурандешонаи иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон. Бигзор насли ба ори ҷавони Тоҷикистон чун ҳамешагӣ пойдорандаи Истиқлолияти давлатӣ буда, барои муҳайё намудани шароити арзандаи инкишоф ва зисту зиндагонии мардум саҳми назарраси худро низ гузоранд ва ҳамеша идомадиҳандаи сиёсати халқпарваронаи Сарвари муаззами Тоҷикистон бошанд. Нилуфар Носирова – корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.