Ҷавонон пуштибони давлату миллат.2-12-2016, 12:20
Хабарро хонданд: 317 нафар
Назарҳо: 0
Дар самти татбиқи сиёсати ҷавонони ноҳия Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич дар якҷоягӣ бо Ташкилоти Ҷамъиятии «Созандагони Ватан» ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии МИҲД-и ноҳияи Деваштич дар тарғиб намудани тарзи ҳаёти солим ва дар руҳияи баланди ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас кӯшиш ба харҷ медиҳад.Барои рушди қобилияти зеҳнии ҷавонон ва баланд бардоштани савияи донишу малакаи онҳо дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия вохўрию мулоқотҳо баргузор менамоянд. Имрӯз, ки дар ноҳия барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон шароити мусоид фароҳам гардидааст, тайи солҳои охир шумораи ҷавонони лаёқатманд, ҳунарманду варзишгар афзуда истодааст. Бо ҳамин мақсад дар муассисаи таълимии №16 бо хонандагони фаъол ва аъзою ҷонибдорони «Созандагони Ватан» вохӯрӣ баргузор гардид. Раиси НТҶҶ «Созандагони Ватан» Сарвар Саидов баромад намуда, таъкид кард, ки имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон эътимод доранд ва ҷавобан ба ин ғамхориву боварӣ мо бояд ободкору созанда бошем ва баҳри гул-гулшукуфоии Ватани азизамон ҳиссагузор бошем. Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ҷонибдори ҷомеаи солим буда, нисбати шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро изҳори нигаронӣ мекунад. Мо, ки ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ бунёд мекунем, набояд фикру ақидаҳои экстремистӣ ва ғайриинсонӣ дар ниҳоди ягон ҷавони мо роҳ ёбад. Зеро тамими ин беҳдудиҳое, ки дар шароити зисту зиндагонӣ, таҳсилу таълим дорем, маҳз аз амалишавии Барномаҳои ҳизб далолат медиҳад. Барои чунин шарту шароит, барои сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, барои кӯшиш ба зиндагии шоиста, пеш аз ҳама аз Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорем. Дар охир чунин мисраҳои шеъриро: Дар ҷавонӣ саъй кун гар бехалал хоҳи амал, Мева бенуқсон бувад, аз дарахти навбар аст. қироат намуда, қайд кард, ки адибону донишмандони миллати мо нисбати ҷавонон дар гузашта низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онҳоро ҳамеша ба илмомӯзӣ, ободонӣ ва ҳаёти солиму рушди ҳамаҷонибаи шахсияташон ҳидоят менамуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.