Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷавонон-пайравони Пешвои миллатанд

Ҷавонон-пайравони Пешвои миллатанд

21-08-2017, 09:37
Хабарро хонданд: 388 нафар
Назарҳо: 0
Ҷавонон-пайравони Пешвои миллатанд
Хушбахтона, имрўзҳо дастгириву ғамхорииҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон хуб мушоҳида мегардад ва тавре, ки дар барномаи пешазинитихоботии худ Роҳбари давлат муқаррар намуда буданд, дастгирии ташаббусҳо ва қобилияти созандаи ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Сарвариашон ба шумор меравад. Маҳз таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудани давлату Ҳукумат нисбати камолоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии ҷавонон сабаб мегардад, ки насли созандаву бунёдкор, адолатпешаву фаъол ва идомадиҳандаи корҳои наҷиби гузаштагон тарбия ёбанд ва ҷавононро мебояд, ки пайваста ба чунин ғамхориҳо подоши арзанда дода, бо руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ ба воя расида, дар риояи меъёрҳои конститутсионӣ ва қонунҳои амалкунанда намунаи ибрат бошанд.
Маҳз бо чунин мақсад аз ҷониби НТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳияи Деваштич бо як гуруҳи фаъоли ҷавонон аз муассисаҳои ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич мулоқот баргузор гардид, ки дар он бобати дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва мушкилиҳои таҳмилии сароғози солҳои истиқлолият Сарвар Саидов сухан ронда, аз ҷавонон хоҳиш намуд, ки дар давраҳои ёру дӯстон ва ҳамсинфон доир ба ин масъала суҳбатҳо ороста, аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон корҳои тарғиботию ташвиқотиро ба роҳ монанд. Ҳамзамон даъват ба амал оварда шуд, ки дар риояву иҷрои қонунҳои амалкунанда, бахусус «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падар модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ намуна буда, татбиқи онро дар мадди назари ҳамешагии худ қарор дода, аз ҳамсолон низ чунин муносибатро хоҳиш кунанд.
Инчунин доир ба нақшаи омодагиҳо ба таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ва ҷашнгирии 25 солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуда, ба ҷавонон иброз гардид, ки Шумо ҷавонон бояд ба қадри неъматҳои Истиқлолият расида, барои сулҳу оромӣ, созандагиву ободонӣ, баҳри рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардуми шарафмандамон ҳиссагузор бошед.
Инчунин доир ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароию ғайриқонунӣ, роҳ надодан ба содиршавии кирдорҳои номатлуб, нигоҳ доштани урфу анъанаҳои миллии ниёгон ва рафъ намудани бегонапарастӣ ба ҷавонони фаъол дастуру маълумотҳо дода шуда, хоҳиш гардид, ки дар Соли ҷавонон тамоми дониш, маҳорат ва саъю талошҳо намуда, бо ташаббусҳои беназири худ баргузории ҳамагуна чорабиниҳоро рангину пурмазмун намоянд.


Рухшона Ҷӯраева, НТҶҶ «Созандагони Ватан»
дар ноҳияи Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: