Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Иқдоми «Нури ирфон»

Иқдоми «Нури ирфон»

11-08-2017, 10:37
Хабарро хонданд: 315 нафар
Назарҳо: 0
Иқдоми «Нури ирфон»
Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирии оилаҳои камбизоат, махсусан кӯдакони ятиму ниёзманд ва бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва Намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич иқдоми ҳизбӣ таҳти унвони «Нури ирфон» ба роҳ монда шуд.
Иқдоми мазкур баҳри дастгирӣ ва ҳавасмандии хонандагон барои таҳсили хубу аъло ба роҳ монда шуда, мақсади пиёда сохтани сиёсати ғамхоронаи Сарвари давлат ҷиҳати хуб ба камол расидани насли наврасро дошт. Аз ин лиҳоз, дар арафаи соли таҳсили 2017-2018 дар ноҳияи Деваштич 18 нафар хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз оилаҳои ниёзманд аз ҷониби НТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳия ва ҳизбиёни фаъоли ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо асбобу лавозимоти хониш таъмин гардида, баҳри хубу аъло таҳсил намудан ва ҳамчун шахсиятҳои комилу содиқ ба миллату Ватани хеш ба воя расидан ҳидоятҳо карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳар як нафар аз пайвандону парасторони кӯдакон аз ғамхории ҳамешагии давлату ҳукумат ва барои чунин иқдомҳои самимӣ миннатдорӣ изҳор намуда, барои пояндагии сулҳу субот ва истиқлолияти давлативу миллӣ дасти дуо кушоданд.


Сарвар Саидов – роҳбари НТҶҶ «Созандагони Ватан»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: