Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар ноҳияи Ванҷ бар асари афтидани санг мошин ба дарёи Язгулом чаппа шуд

Дар ноҳияи Ванҷ бар асари афтидани санг мошин ба дарёи Язгулом чаппа шуд

7-08-2017, 13:00
Хабарро хонданд: 185 нафар
Назарҳо: 0
Дар ноҳияи Ванҷ бар асари афтидани санг мошин ба дарёи Язгулом чаппа шуд
ДУШАНБЕ, 7.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марги ронандаи мошини тамғаи «ВАЗ-2106», марди 48-солаи сокини ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ ва 3 нафар мусофири он хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, ҳангоми ҳаракат аз деҳаи Будун ба самти деҳаи Андарбак-Жамаг, дар мавзеи Приони ноҳияи Ванҷ аз баландии 100 метр санг фаромада, ба мошини мазкур бархӯрдааст.

Тавре гуфта мешавад, дар натиҷаи чунин ҳодисаи нохуш мошин ба дарёи Язгулом чаппа шуда, ғарқ гардидааст. Баъди гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади ронанда дарёфт гардида, ҷасадҳои се нафар мусофирони мошин: ду нафар марди 48-сола ва ҷавони 24-солаи сокинони ноҳияи Ванҷ то ҳол дарёфт карда нашудаанд.

Ба иттилои манбаъ, барои дарёфти ҷасадҳо корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: