Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Талафоти ҷонӣ бар асари садамаҳо

Талафоти ҷонӣ бар асари садамаҳо

1-11-2015, 09:35
Хабарро хонданд: 394 нафар
Назарҳо: 0
Талафоти ҷонӣ бар асари садамаҳоБино ба иттилои торнамои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар рӯзҳои ахир садамаҳои нақлиётӣ мунҷар ба кушта шудани пиёдагардон шудаанд.
Аз ҷумла, ронандаи ҷавони автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” дар шаҳри Ваҳдат пиёдагарди 41-соларо пахш кардааст, ки ин мард бар асари ҷароҳати вазнин дар беморхона фавт кардааст.
Дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд низ автомашинаи тамғаи “Опел” дар кӯчаи Камоли Хуҷандии ин шаҳр ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” бархӯрдааст. Дар натиҷа, мошини “Опел-Астра” аз масири ҳаракат хориҷ шуда ва ду пиёдагардро дар канори роҳ пахш кардааст.
Ин ду нафар дар беморхона бистарӣ шуда, яке аз онҳо, зани 60-сола даргузаштааст.
Ҳамчунин, дар самти истгоҳи Душанбе-2 тепловоз донишҷӯи 20-соларо, ки аз мавзеъи мамнӯъ роҳи оҳанро убур мекард, пахш кардааст, ки дар натиҷа ин ҷавон бо ҷароҳати вазнин дар беморхона фавт кардааст.
©ozodi.org
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: