Дар Душанбе мошини агентии зидди фасодро дуздиданд31-03-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 446 нафар
Назарҳо: 0
Як сокини Душанбе бо айби дуздидани мошини Агентии назорати молӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуд. Мақомот мегӯянд, Абдулло Гарбонов ба фурӯши қисмҳои эҳтиётии мошинҳои дуздидашуда машғул буд. Сокини 25-солаи Душанбе Абдулло Гарбонов дар пурсуҷӯи пешакӣ дар дуздии боз шаш мошини дигар иқрор шуд.
Мошини Агентии назорати молӣ ва мубориза бо фасод дар Тоҷикистон ҳафтае пеш дар Душанбе дуздида шудааст. Ба иттилои як манбаъ дар ВКД Тоҷикистон, мошинро дар ҳоле ошкор кардаанд, ки рабоянда дарҳои онро ҷудо ва зери ҳезум пинҳон кардааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар манзили Гарбонов ҳамчунин қисмҳои эҳтиётии чанд мошини дигар пайдо гардидааст. "Ин ҷавон худ устои мошин аст ва баъд аз дуздии мошин қисмҳои онро ҷудо карда, сипас мефурӯхт", - гуфт манбаъ. Дар ҳамин ҳол, сомонаи ВКД рӯзи чаҳоршанбе хабар дод, ки кормандони милитсия зимни амалиёти кофтукобӣ муайян карданд, ки ба дуздии мошинҳо як гурӯҳи панҷнафарӣ даст дорад. Дар хабар зикр шудааст, ин гурӯҳ дар тӯли соли гузашта ва моҳҳои аввали соли ҷорӣ ба дуздии мошинҳо дар шаҳри Душанбе ва атрофи он машғул будааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.