Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Нирӯҳои Асад охирин паноҳгоҳи ҷангиёнро дар Ҳумс бозпас гирифтанд

Нирӯҳои Асад охирин паноҳгоҳи ҷангиёнро дар Ҳумс бозпас гирифтанд

7-08-2017, 10:45
Хабарро хонданд: 107 нафар
Назарҳо: 0
Нирӯҳои Асад охирин паноҳгоҳи ҷангиёнро дар Ҳумс бозпас гирифтанд

Нирӯҳои президент Башор Асад шаҳри ал-Сухна - охирин паноҳгоҳи ҷангиёни гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” (ДИ)-ро дар вилояти Ҳумс бозпас гирифтанд.
Ал-Сухна дар ҳафтодкилометрии шимолу шарқи шаҳри бостонии Палмира воқеъ аст ва он охирин минтақае аст, ки артиши Асад дар роҳ ба сӯи шаҳри Дейр-аз-Зур бозпас мегиранд.

Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Бритониё гуфт, нирӯҳои ҳукумати Сурия ин минтақаро 5 август бо дастгирии нирӯҳои ҳавоии Русия баъди задухӯрдҳои шадиди мусаллаҳона бозпас гирифтаанд. Хабаргузории расмии "SANA "-и Сурия иттилоъ дод, ки артиши ин кишвар шаҳрро аз се тараф муҳосира карданд.

Нирӯҳои вафодор ба Асад аз моҳи майи соли равон ба ин сӯ бо дастгирии Русия амалиёти густардаи низомиро ба роҳ мондаанд, то биёбони бузургеро, ки Димишқро аз Дейр-аз-Зур ҷудо мекунад, бозпас гиранд.

Мухолифони мусаллаҳи демократи Сурия, ки аз пуштибонии Вашингтон бархӯрдоранд, дар ҳоли ҳозир аз ним зиёди шаҳри Раққа - пойтахти ДИ-ро дар даст доранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: