Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Русия аз ташкили як минтақаи "амн"-и дигар дар Сурия хабар дод

Русия аз ташкили як минтақаи "амн"-и дигар дар Сурия хабар дод

4-08-2017, 10:37
Хабарро хонданд: 155 нафар
Назарҳо: 0
Русия аз ташкили як минтақаи "амн"-и дигар дар Сурия хабар дод
Вазорати дифои Русия хабар дод, ки роҷеъ ба ташкили як минтақаи амни дигар дар шимоли шаҳри Ҳумси Сурия бо мухолифони ин кишвар ба созиш расиданд. Сухангӯи вазорат Игор Конашенков гуфт, низоми оташбас дар ин минтақа нимаи рӯзи 3 август ба иҷро даромад.
Ба гуфтаи ӯ, ин минтақаи ба истилоҳ амн даҳҳо маҳалли аҳолинишинеро фаро хоҳад гирифт, ки беш аз 147 ҳазор сокин доранд. Минтақаҳои шимолии вилояти Ҳумс чанде қабл аз тарафи артиши ҳукумати Сурия ва нерӯҳои ҳавоии Русия бомбаборон шуданд.

Ин ноҳия яке аз чаҳор минтақаи амне аст, ки бо ташаббуси Русия дар Сурия ташкил хоҳанд шуд. Ба гуфтаи Конашенков, дар ду минтақаи амни дигар -- дар ҷанубу ғарби Сурия -- "кор хуб аст".

Бар пояи нақшае, ки Русия, Эрон ва Туркия дар гуфтугӯҳои шаҳри Остонаи Қазоқистон тартиб доданд, минтақаи амни чаҳорум дар вилояти Идлиб, дар шимолу ғарби Сурия таъсис хоҳад ёфт.

Русия аз соли 2015 инҷониб ба нерӯҳои президент Башор Асад кумак мекунад. Эрон низ Асадро дар мубориза бо гуруҳҳое, ки пуштибони баъзеашон Туркия аст, дастгирӣ менамояд.
Анқара дар гузашта борҳо исрор кард, ки раҳбари Сурия бояд иваз шавад. Аз соли 2011 ба ин тараф дар ҷангҳои Сурия садҳо ҳазор одам ҷон бохта, миллионҳо нафар хонаҳои худро тарк кардаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: