Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ИМА: Русия бояд ба режими Башор Асад фишор орад

ИМА: Русия бояд ба режими Башор Асад фишор орад

14-07-2016, 15:30
Хабарро хонданд: 229 нафар
Назарҳо: 0
ИМА: Русия бояд ба режими Башор Асад фишор орад
Русия бояд изҳороташ дар мавриди ба сулҳи Сурия содиқ буданро бо амалкардҳояш исбот кунад, гуфт котиби матбуотии департаменти давлатии ИМА Ҷон Кирби.

Пештар аз ин вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров фиристодаи махсуси СММ дар умури Сурия Стаффан де Мистураро бо он айбдор кард, ки даври нави гуфтушуниди сулҳи Сурияро баргузор намекунад. Вале Ҷон Кирби мегӯяд, масъулияти Мистура хеле содда мебуд, агар Русия бо истифода аз эътибораш ба Димишқ фишор меовард, то ин ки режими Башор Асад ҳамлаи аҳолии осоишта ва бомбаборони мавзеъҳои мухолифини муътадилро қатъ кунад.

Ба гуфтаи вай, ҳангоми сафар ба Москва котиби давлатии ИМА Ҷон Керри талош мекунад, ки ҳамсуҳбатони худро барои таъсиси шароит ба азсаргирии гуфтугӯи сулҳ розӣ созад.

1 август бояд гуфтугӯи сулҳи Сурия миёни намояндагони расмии Димишқ ва мухолифини муътадили ин кишвар дар Женева дубора оғоз шавад. Аммо мухолифин мегӯянд, то замоне, ки нерӯҳои ҳукуматӣ шарти сулҳро иҷро накунанд, вориди гуфтугӯ нахоҳанд шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: