Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Трамп кумаки таслиҳотиро ба мухолифони Асад қатъ мекунад

Трамп кумаки таслиҳотиро ба мухолифони Асад қатъ мекунад

21-07-2017, 09:45
Хабарро хонданд: 174 нафар
Назарҳо: 0
Трамп кумаки таслиҳотиро ба мухолифони Асад қатъ мекунад
Президенти ИМА Доналд Трамп барномаи махфии мусаллаҳ гардонидани мухолифони Сурияро, ки бо режими Башор Асад мубориза мебаранд, қатъ мекунад.
Нашрияи Washington Post бо истинод ба мақомҳои расмӣ хабар дод, ки ин тасмимро президенти ИМА тақрибан як моҳ пеш, баъди як ҷаласа бо сардори Идораи марказии иктишофӣ Майк Помпео ва мушовири худ дар умури амнияти миллӣ Ҳерберт Макмастер гирифтааст.

Ҷаласаи мазкур пеш аз мулоқоти шахсиии Трамп бо президенти Русия Владимир Путин дар Ҳамбург баргузор шудааст. Помпео ва Макмастер аз шарҳи ин иттилоъ худдорӣ карданд.

Манобеи нашрия гуфтаанд, ки барномаи мусаллаҳгардонии шӯришгарони Сурия, ки бо ҷангиёни гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" меҷанганд, идома хоҳад ёфт.

ИМА соли 2013 интиқоли силоҳро ба мухолифони Сурия оғоз кард. Ин барнома яке аз бандҳои калидии сиёсати президенти пешини Амрико Барак Обама роҷеъ ба Сурия шумурда мешуд.

Мухолифони ин тарҳ аз соли 2015, баъди оғози амалиёти низомии Русия ба ҳимоят аз нерӯҳои ҳукумати Сурия борҳо корсоз будани онро зери суол бурдаанд.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: