Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Башор Асад: "Мо то пирӯзии комил меҷангем"

Башор Асад: "Мо то пирӯзии комил меҷангем"

29-06-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 209 нафар
Назарҳо: 0
Башор Асад: "Мо то пирӯзии комил меҷангем"
Башор Асад, президенти Сурия ваъда дод, ки "ҳар ваҷаб хоки ватан"-ро аз мухолифони режимаш озод мекунад. Дар ин бора вай дар ҷаласаи нахустини вакилони порлумони нав, ки баъди интихоботи апрелии соли ҷорӣ бори аввал ҷамъ шуданд, изҳор доштааст.

"Ҷанги мо бо террористон то пирӯзии комил идома мекунад", - мегӯяд Асад. Ба гуфтаи вай, вазъияти кунунӣ барои нерӯҳои ҳукуматӣ нисбати ду моҳи пеш "хеле мусоидтар аст". Президент мегӯяд, интихоби ягона барои ҳукумати вай ин пирӯзӣ аст. Дар сурати ғайр, ба гуфтаи Асад, Сурия боқӣ нахоҳад монд.

Русия амалиёти ҳавоиро дар Сурия моҳи сентябри соли гузашта шуруъ карда, ба нерӯҳои ҳукуматӣ дар ҷанги зидди шӯришгарон ёрӣ мерасонад. Моҳи марти соли ҷорӣ артиши Сурия бо кумаки нерӯҳои ҳавоии Русия шаҳри Полмироро ғасб кард ва ҷангҷӯёни гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ"-ро аз он ҷо ронд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: