Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Вохӯрии кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ва прокуратураи шаҳр бо раисони маҳаллаҳо ва имомхатибони масҷидҳои шаҳр

Вохӯрии кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ва прокуратураи шаҳр бо раисони маҳаллаҳо ва имомхатибони масҷидҳои шаҳр

4-08-2017, 09:41
Хабарро хонданд: 149 нафар
Назарҳо: 0
Вохӯрии кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ва прокуратураи шаҳр бо раисони маҳаллаҳо ва имомхатибони масҷидҳои шаҳр
Дар толори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Қӯрғонтеппа вохӯрии кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо имомхатибон ва раисони маҳаллаҳои шаҳр баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур сардори шуъбаи корҳои дохилии шаҳр полковник Исозода Набиҷон ва прокурори шаҳр Сафарзода Баҳриддин суханронӣ намуда, оид ба шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳои экстримистӣ ва беаҳмиятии волидайн нисбати фарзандон суханронӣ намуда, аҳли нишастагонро ба ҳамкорӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ даъват намуда, инчунин қайд намуданд, ки имрӯзҳо аз беаҳамиятии падару модар фарзандон ба бекоргардӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ даст мезананд, ки ин боиси ғаму андуҳи падару модар мегардад.
Вохӯрии кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ва прокуратураи шаҳр бо раисони маҳаллаҳо ва имомхатибони масҷидҳои шаҳр
Инчунин қайд карда шуд, ки бо мақсади дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ тарбияи насли наврас аз тарафи фаъолони маҳаллаҳо ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ пайваста суҳбатҳо бо падару модар дар ҷои зист ва ҳангоми ҷамъ омадан дар вақти намоз гузаронида шавад. Ба ҳамагон маълум аст, ки 10-сол қабл Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид. Қабули Қонуни мазкур бори дигар собит сохт, ки сатҳи зиндагии мардуми кишвар рӯз аз рӯз хуб шуда ба ҷои хароҷотҳои беҳуда маблағҳо барои донишандӯзии фарзандашон ва дигар хароҷотҳои оилавӣ сарф карда шудаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: