Дар шаҳри Қӯрғонтеппа корҳои таблиғотӣ идома доранд25-06-2017, 11:56
Хабарро хонданд: 178 нафар
Назарҳо: 0
Гуруҳи таблиғотии доимамалкунанда дар ҳайати роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Ҷ.Тоҷиев, прокурори шаҳри Қӯрғонтеппа Сафарзода Баҳриддин, иҷрокунандаи вазифаи имомхатиби масҷидҳои шаҳри Қӯрғонтеппа У. Нуров, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, Т. Наҷидуллоев мудири шуъбаи маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа Қ. Қурбонзода, мудири бахши ҷавонон ва варзиш Ҷ.Исматуллозода, сармуҳаррири рӯзномаи «Набзи Қӯрғонтеппа» И.Туйчиев ва роҳбари комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак Д. Шодиев дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бо ҷавонон, сокинони маҳаллаҳо ва намозгузорони масҷидҳои ҳудуди шаҳр вохӯрӣ баргузор намуда истодаанд. Чунин вохӯриҳо дар арафаи истиқболи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Иди Фитр дар маҳаллаҳои Ҳаёти нав, Ваҳдат ва Дӯстӣ баргузор гашта, сараввал иштирокчиёнро бо ин идҳо табрик намуда, дар бораи иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ», нигоҳдории суннатҳои миллӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшави ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро музокираҳо доир карда шуданд. Дар ҷамъбасти чорабиниҳо ба саволҳои иштирочиён ҷавобҳои саҳеҳ гардонида шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.