Вохӯриҳо идома доранд21-08-2017, 11:09
Хабарро хонданд: 192 нафар
Назарҳо: 0
Дар асоси тақвият ва густариш бахшидан ба шаҳру тавзеҳи тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии хурофотпарастӣ, зоҳирпарастӣ, бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳанги сару либоси ба мо бегона, гирифтани пеши роҳи исрофкорӣ дар ҷашну маросимҳо гурӯҳҳои таблиғотӣ аз ҳисобои кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон, собиқадорони ҳизб, комиссияи кор бо занону ҷавонони назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳиявию вилоятӣ суҳбату вохӯриҳоро бо табақаҳои гуногуни аҳолӣ тақвият бахшида истодаанд. Гурӯҳи таблиғотӣ дар вохӯриҳо оид ба муқовимати зуҳуроти фарҳанги бегона, ҳифзи анъанаву расму ойину арзишҳои миллӣ, ба роҳи дуруст тарбия намудани насли наврас, таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба таъмини шароити зисту таҳсили фарзандон ва муҳимтар аз ҳама аз байн бурдани сарфу хароҷоти беҳуда дар ҷашну маросимҳо, ки боиси вазнин гардидани вазъи иқтисодии оилаҳо мегардад, корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд. Чунин вохӯриву суҳбатҳо то таҷлили ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳанд ёфт. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.