Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Чорабинии ҷавонони ҳизб: Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз!

Чорабинии ҷавонони ҳизб: Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз!

13-11-2015, 10:19
Хабарро хонданд: 516 нафар
Назарҳо: 0
Чорабинии ҷавонони ҳизб: Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз!Рузи 11- уми ноябри соли 2015 бо ташабуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ тибқи нақша чорабиниҳо оид ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ таҳти унвони «Сулҳ ба ҳама» дар кӯчаву гулгаштҳои пойтахт аксия доир намуданд.
Дар чорабинии мазкур Мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон ва бонувони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Дустзода Афзалшо, Мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Изатуллои Ҳабибзод, Мудири бахши омор ва бақайдгирии аъзои ҳизб Буриев Ҷумахон ва аъзоёни фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок карданд.
    Дар аксияи мазкур ҷавонони зиёд ба хиёбони марказии пойтахт роҳпаймоӣ намуда, сипас ба назди муҷассамаи Парчами миллӣ ва Боғи Устод Рӯдакӣ ташриф оварданд. Роҳпаймоии ҷавонон ва арҷгузории эшон ба муқаддасоти миллӣ-Парчами миллӣ бори дигар собит намуд, ки Сулҳи тоҷикон аз байн барандаи низоъҳои дохиливу минтақавӣ, рамзи баҳамоии, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ, нишондиҳандаи пешрафт, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикон мебошад. Ҷавонон бо мафҳумҳои созандаи сулҳофаринии худ, ки дар дастҳояшон навишта шудабуд - «Сулҳи тоҷикон поянда бод», «Эмомалӣ Раҳмон - меъмори сулҳи ҷаҳонӣ», «Сулҳи тоҷикон барои ҷаҳон», «Душанбе шаҳри Сулҳ», «Мы за мир», «Мир всем», «Душанбе остонаи Сулҳ», «Сулҳ Ободӣ», «Ваҳдату якдилӣ», «Эмомалӣ Раҳмон ҳомии Сулҳ» ва дигар мафҳумҳое, ки ҳисси миллии насли наврасу ҷавонро бедор мекунад бо худ доштанд. Мафҳумҳои мазкур дар рӯзи баргузории роҳпаймоӣ диққати меҳмонон ва сокинони пойтахти азизамонро ба худ ҷалб намуда рамзи баҳамойиро тақозо менамуд.
Маҳз бо шарофати сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ мо тавонистем барои аз бӯҳрони шадиди иқтисодиву иҷтимоӣ раҳо додани кишвар заминаи устувор гузорем. Кӯшишҳои Сарвари давлат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи расидан ба сулҳу ваҳдат беназир буда аз ҳар яки мо масулияти бузургро дар самти ҳифз ва нигоҳдошти арзишҳои миллӣ тақозо мекунад. Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки Тоҷикистон ва пойтахти он- Душанбе мактаби таҷрибаи сулҳофарӣ гардидааст ва аз ҳалли дилхоҳ мушкилот ба хуби мебарояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: