Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҷавонони пойтахт зидди ифротгароӣ

Ҷавонони пойтахт зидди ифротгароӣ

23-10-2015, 12:00
Хабарро хонданд: 411 нафар
Назарҳо: 0
Ҷавонони пойтахт зидди ифротгароӣДар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №44-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур Изатуллои Ҳабибзод, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Назарова Саломат, директори мактаби мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ оиди пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муноқишаи хонандагони мактабҳои миёна, зарари телефони мобилӣ ба насли наврасу ҷавон ва омодагиҳои онон ба давомдиҳии таҳсил дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ, бо мақсади ба даст овардани касбу ҳунар суханронӣ гардид.
Зимни ин вохӯрӣ, қайд гардид, ки аз сабаби надоштани маълумоти кофии сиёсӣ ва дониши мукаммал баъзе аз ҷавонон ба кӯчаи сарбастаи зиндагӣ рафтаанд, ки аз кори кардаи худ пушаймонанду назди ҷомеаи кишвар бошад, шармсор гардиданд. Онҳо ба фиребу найрангҳои гурӯҳҳои ифротӣ бовар кардаанду ҳаёти навниҳолии худро ба анҷом расониданд.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ оиди солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки барои миллати тоҷик басо душвор ва сангин буд андешаронӣ карда шуд. Ҳамзамон дар ин замина зикр гардид, ки нотавонбинон нобудии миллатро мехостанд. Хушбахтона нафаре дар сини ҷавонӣ масъулияти бузург – баровардани кишвар аз вартаи ҷангро ба уҳда гирифт ва ба савганди худ содиқ монд. Миллатро сарҷамъ кард, кишварро аз оғуштаи хун раҳо кард ва иқтисодиёти кишварро устувор гардонид.
Дар фарҷоми вохӯрӣ, аз хонандагон даъват ба амал оварда шуд, ки ба қадри ғамхориҳои давлату ҳукумати кишвар бирасанд ва ҷавобан ба ин ғамхориҳо кӯшиш намоянд, то бо баҳоҳои намунавӣ таҳсил намоянд.
©Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: