Трамп ният дорад, ки дар мулоқот бо Путин вазъи Сурияро баррасӣ кунад4-07-2017, 15:24
Хабарро хонданд: 220 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 04.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Президенти ИМА Доналд Трамп тасмим дорад, ки зимни мулоқот бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар навбати аввал вазъи Сурия, инчунин дастгирии Федератсияи Россия ба Президенти ин кишвар Башор Асадро баррасӣ намояд. Дар ин бора шабакаи телевизиони «CNN» бо истинод ба манбаъҳо гузориш дод. Бино ба тахмини манбаъҳо, зимни мулоқот Трамп шояд масъалаи Украинаро низ ба миён гузорад, вале мавзӯи дахолати Россия ба интихоботи президентии Амрико гумон аст, ки баррасӣ нашавад. Дар робита ба ин ҳоло нақшаи расмии мулоқот таҳия нашудааст. 29 июн ёрдамчии Президенти Амрико оид ба амнияти миллӣ Ҳерберт Макмастер изҳор дошт, ки Трамп умедвор аст, ки дар ҳошияи Саммити Бистгонаи бузург (G20, 7-8 июл) дар Ҳамбург бо ҳамтои русаш мулоқот намояд. Тавре 30 июн котиби матбуоти Президенти Россия Дмитрий Песков иттилоъ дод, масъалаи шакл ва вақти баргузории мулоқоти президентҳои Россия ва ИМА дар саммити Ҳамбург тавассути роҳҳои дипломатӣ баррасӣ мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.