Мулоқоти тӯлонии Обама бо Трамп дар Кохи сафед11-11-2016, 15:55
Хабарро хонданд: 288 нафар
Назарҳо: 0
Барак Обама, президенти амалкунандаи ИМА бо Доналд Трамп, президенти тозаинтихоби ин кишвар рӯзи панҷшанбе дар Кохи сафед мулоқот кардааст. Ҷонибҳо зимни суҳбат мушкили сиёсати дохилию хориҷии Амрикоро баррасӣ кардаанд ва Обама ваъда додааст, ки барои интиқоли қудрат шароити заруриро фароҳам хоҳад овард. Ба гуфтаи президенти кунунии ИМА, вохӯрӣ бо Трамп "олӣ" буд. Президенти тозаинтихоби ИМА низ дар навбати худ ба Барак Обама изҳори эҳтиром карда, гуфтааст, ки мулоқоти навбатии ӯро бесаброна интизор аст. Суҳбати Обама бо Трамп як бахши раванди расмии интиқоли қудрат аст. Интизор мерафт, он 30 дақиқа идома ёбад, вале ҷонибҳо якуним соат суҳбат кардаанд. Президентҳо баъди вохӯрӣ ба назди рӯзноманигорон, ки дар даромадгоҳи бино интизорашон буданд, набаромаданд. Дар интихоботи 8 ноябри ИМА Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ пирӯз шуд. Вай тавонист, 279 раъйи интихобкунандагонро соҳиб шавад. Қарор аст, маросими қасамёдкунии ӯ 20 январи соли 2017 баргузор шавад. Саидраҳмон Каримӣ
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.