
/АМИТ «Ховар»/. Президенти Россия Владимир Путин бо президенти Франсия Эммануэл Макрон вобаста ба «хати сурх» дар Сурия, ки истифодаи силоҳи кимиёвист, ҳамфикр мебошад. Дар ин бора дар мусоҳибаи президенти Россия бо рӯзномаи «Фигаро» пас аз мулоқот бо Макрон гуфта шудааст.
«Ман розиам. Илова бар ин, бовар дорам, ки ин масъала ба таври васеъ гузошта мешавад. Сохторҳои ҷомеаи байналмилалӣ бояд ба муқобили касоне, ки силоҳи кимиёвӣ истифода мекунанд, сиёсати ягона пеша кунанд ва вокуниш ба он бояд чунон бошад, ки истифодаи чунин силоҳро аз ҷониби касе набошад, ғайриимкон гардонад», — гуфт Путин.
Ёдрас мешавем, ки роҳбарони Россия ва Франсия 29 май дар Париж мулоқот намуда, дар баробари муносибатҳои дуҷониба, ҳамчунин масоили рӯзномаи байналмилалӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризм ва вазъ дар Сурияро баррасӣ карданд.
Аввали моҳи апрел мухолифин дар Сурия дар бораи ҳамлаи кимиёвӣ хабар доданд, ки бар асари он 80 нафар ҳалок гардида, 200 каси дигар осеб дида буданд. Дар ин ҳодиса мухолифин, ИМА ва иттифоқчиёни онҳо ҳукумати расмии Сурияро айбдор карданд.
Дар навбати худ, мақомоти Сурия исрор мекунанд, ки онҳо ҳеҷ гоҳ силоҳи кимиёвӣ истифода накардаанд.
Москва тафтиши дақиқи ҳодисаи дар музофоти Идлиб рухдодаро талаб мекунад.