Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқот бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

7-10-2015, 15:00
Хабарро хонданд: 471 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқот бо Президенти Федератсияи Россия Владимир ПутинПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сочи бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба вазъи минтақа ва рушди муносибатҳои дӯстӣ ва густариши ҳамкории судбахш баррасӣ шуд.
Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳри Сочи хайра мақдам гуфта, ба савия ва муҳтавои робитаҳои ду кишвар, ки ба муносибатҳои стратегӣ ва муттафиқӣ асос ёфтаанд, баҳои баланд дод.
Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат бо Владимир Путин изҳор дошт: «Мо ба сатҳи муносиботи байнидавлатӣ бо Русия баҳои баланд медиҳем ва аз тамоми имконот истифода мебарем, ки шарикии стратегӣ ва муттафиқии мо бемайлон рушд намуда, бо такя ба таҷрибаи ҳамгироии андӯхтаамон таҳким ёбад».
Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин таъкид дошт, ки «авзои зуд тағйирёбандаи ҷаҳон ва минтақаи мо ҳамгироии самарабахшро тақозо мекунад».
Дар робита ба ин ҳолат, доир ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи низомиву техникӣ ва роҳҳои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Ҳамчунин доир ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва роҳҳои саҳл намудани шароити кору зиндагии муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар қаламрави Русия табодули назар карда шуд.
©http://safina.tj/
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: