Баргузории ҷашни 20- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Муъминобод27-06-2017, 13:38
Хабарро хонданд: 303 нафар
Назарҳо: 0
Дар ноҳияи Муъминобод бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 20- солагии Иди Ваҳдати миллӣ, ҷаҳду талош варзида, ба хотири амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабинии васеи сиёсию фарҳангӣ дар Қасри фарҳанги ноҳия баргузор шуд. Дар даромадгоҳи Қасри фарҳанги ноҳия сокинони сарбаланди ноҳияи Муъминобод дастовардҳои худро ба марази тамошои меҳмонон гузоштанд. Дар ин чорабинии бошукуҳ ҳамаи роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, директорони муассисаҳои таълимӣ, намояндагони занону ҷавонон, намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва дигар сокинони ноҳия иштироки фаъолона доштанд. Дар охир ташкилоти ибтидоии ҳизбии Бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи рангини консертӣ таъби ҳозиринро шод гардонид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.