Анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Муъминобод ва Восеъи вилояти Хатлон6-10-2016, 09:55
Хабарро хонданд: 224 нафар
Назарҳо: 0
Аз 3 то 6 - уми октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Муъминобод ва Восеъи вилояти Хатлон қарор доштанд. Зимни ин сафари бобарор, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни бузургу муқаддаси умумимиллӣ 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дошт, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти таъиноти гуногуни маъмурӣ, маишӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ карда, барои бунёди иншооти дигар санги асос гузоштанд. Ҳамчунин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин шаҳру ноҳияҳо бо сокинон суҳбату мулоқотҳои самимӣ доир намуда, дар тантанаи идона ва барномаи фарҳангӣ ба ифтихори 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд. Пас аз анҷоми сафари бобарору созандаи корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Муъминобод ва Восеъ субҳи рӯзи 6 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Кӯлоб ба шаҳри Душанбе баргаштанд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро сокинони меҳнатқарин ва меҳмондӯсти шаҳр бо самимияти хоса ва шукуҳу шаҳомат меҳмони олимақомро гусел намуданд. Ба ин хотир аҳли фарҳанг барномаи рангини консертиро таҳия ва пешкаш карданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.