Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Навоварӣ ва ихтироъкорӣ тақозои замон аст»

«Навоварӣ ва ихтироъкорӣ тақозои замон аст»

29-06-2017, 13:46
Хабарро хонданд: 294 нафар
Назарҳо: 0
 «Навоварӣ ва ихтироъкорӣ тақозои замон аст»
Бо мақсади иҷрои қарори Раёсати КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз 24.01.2017 бо №4, дар бораи озмуни КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар мавзӯи «Навоварӣ ва ихтироъкорӣ тақозои замон аст» ва қарори Раёсати КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз 24.01.2017 бо №5 Дар бораи Аксисияи ҳизбӣ таҳти унвони «Ихтироъкорӣ аз кабинетҳои фаннӣ оғоз мегардад» вобаста ба сазовор истиқбол намудани ҷашни 20- солагии Иди Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаҳду талош варзидан ба хотири амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон аз 22 декабри соли 2016 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мусоидат намудан ба омӯзиши фанҳои дақиқ, фаъолтар гардонидани кори кабинетҳои фанҳои физика, химия, биология, астрономия, таълими меҳнат ва бедор намудани шавқу завқи донишомӯзон ба илмомӯзӣ ва ихтироъкорӣ дар ноҳияи Муъминобод Аксия таҳти унвонӣ «Ихтироъкорӣ аз кабинетҳои фаннӣ оғоз мегардад» ва озмуни ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар мавзӯи «Навоварӣ ва ихтироъкорӣ тақозои замон аст» баргузор карда шуд. Дар ин Аксия беҳтарин ихтироъкорони муассисаҳои таълимии ноҳия аз қабили муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1, №2 , №19, №50 ва гимназияи давлатии «Ҳиммат» иштироки фаъолона варзиданд, ки аз тарафи раиси ноҳия, ва Кумитаи тадорукоти Аксия баҳои баланд гирифтанд ва ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдони карда шуданд. Баргузории чорабинӣ дар якҷоягӣ бо иштироки раиси ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод, Шуъбаи маориф, Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Бахши фарҳанг, рӯзномаи «Субҳи меҳнат», ТҶҶ «Созандагони Ватан» баргузор карда шуд. Рафти чорабинӣ тариқи шабакаи теевизонии Кӯлоб ва телевизионӣ Тоҷикистон ба навор гирифта шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: