Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Қасри Арбоб

Таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Қасри Арбоб

28-06-2017, 12:12
Хабарро хонданд: 231 нафар
Назарҳо: 0
Таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Қасри Арбоб
Мардуми шарафманди вилояти Суғд 20-умин солгарди санаи бузурги таърихӣ – имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро бо шукуҳи зиёд ва ифтихори баланди ватандорӣ таҷлил намуданд.
Тӯли 20 сол аст, ки халқи тоҷик санаи 27-уми июнро ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил менамояд. Воқеан ҳам созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки дар хамин рӯзи соли 1997 ба имзо расид, ҷанги шаҳрвандӣ ва кашмакашҳои сиёсиро дар ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон хотима бахшида, на танҳо роҳи равшани саодатро барои миллати мо боз намуд, балки ҳамчун таҷрибаи бузурги сулҳофарини мавриди таваҷҷӯҳи ҷаҳониён қарор гирифт. 20-умин солгарди санаи бузурги таърихӣ – имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро мардуми шарафманди вилояти Суғд бо шукуҳи зиёд ва ифтихори баланди ватандорӣ таҷлил намуданд.
Ба муносибати иди Ваҳдати миллӣ дар Қасри таърихии Арбоб, ки зодгоҳи сулҳ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ба ҳисоб меравад, чорабинии идона баргузор шуд. Ҷамъомади тантанавӣ бо танини Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Иштирокчиёни ҷамъомади тантанавиро Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят табрик гуфта, пеш аз ҳама аз арзиши таърихии ин руйдоди муҳим ёдовар шуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки мардуми тоҷик ҳар солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро чун сарчашмаи таъмини сулҳ, ризоияти миллӣ ва қутбнамои баҳамоии мардум қадр намуда, бо шарофати ин рӯз пирӯзии ақлу заковати солими халқи сулҳпарвари тоҷикро бар зулмоти ноумедӣ ва парокандагӣ аз дастовардҳои таърихии худ медонанд.
Ваҳдати миллӣ асоси соҳибихтиёрии халқ буда, дар баробари Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу амният ва тамомияти арзии кишвар, аз ҷумлаи арзишҳои тақдирсози давлатдории мо маҳсуб мешавад. Дар эҳёи сулҳи тоҷикон, бунёд ва ташаккули давлати миллӣ нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст, зеро талошҳои пайвастаи Пешвои миллат неъмати сулҳу ваҳдати комилро барои мардуми тоҷик эҳдо намуд.
Боиси ифтихор аст, ки бо дастуру ҳидоят ва ғамхориҳои рўзафзуни Пешвои миллат сокинони мамлакат минбаъд барои таҳкими сулҳу Ваҳдат, ризоияти миллӣ, пешрафти иқтисодиёт, фарҳанг, ташаккули ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ талош варзида, ба комёбиҳои назаррас ноил гардида истодаанд.
Ҳамин тавр, халқи тоҷик 20 сол инҷониб рӯзи таърихиву сарнавиштсозро чун оғози марҳилаи нави ташаккули давлати соҳибистиқлол таҷлил менамояд. Дар ин марҳилаи таърихӣ халқи тоҷик бо сарварии Пешвои миллат дар роҳи навсозии кишвар ба самараи нек мушарраф шуд.
Маҳз ба шарофати тинҷию оромӣ ва баҳамоии мардуми кишвар имрӯз давлату Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи татбиқи се ҳадафи стратегии худ - ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ устуворона қадам мезанад.
Рӯзҳои мудҳиши замони ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчун сабақи таърихӣ дар ёдҳо боқӣ хоҳад монд ва насли имрӯзаро зарур аст, ки ба қадри замони тинҷу осуда бирасад ва сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм хифз намояд
Чорабинии тантанавиро барномаи калони идонаи аҳли санъати шаҳру навоҳии вилоят рангу таровати тоза бахшид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: