Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд

Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд

16-11-2017, 15:04
Хабарро хонданд: 246 нафар
Назарҳо: 0
16.11.2017 09:49, шаҳри Хуҷанд
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 25 - умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо мардум бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Роҳбарият ва намояндагони ҷавонони вилояти Суғд Сарвари хирадманди тоҷикон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бо сарбаландӣ истиқбол гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳануз 25 сол қабл дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон, ки аз 16-уми ноябр то 2-юми декабр дар Қасри маданияти ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев маъруф ба Қасри Арбоб баргузор гардида буд, бо иродаи кулли депутатҳои Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, сиёсатмадори оқилу хирадманд Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон - Сарвари давлати тоҷикон интихоб гардид.

Ба муносибати таҷлили ин рӯйдоди муҳими таърихию тақдирсоз бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи тантанавӣ баргузор мегардад ва ҳамчунин дар шаҳру ноҳияҳои вилоят як қатор иншооти муҳим мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Воқеан, ин иҷлосия дар рушд ва таҳкими давлатдории навину истиқлолияти воқеии Тоҷикистон, якпорчагии он, ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар сарзамини бостонӣ, амалӣ гардидани ислоҳоти сиёсӣ, хуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ асос гузошт.

Ҳамаи ин маҳз бо талошу ҷонбозиҳо ва сарсупурдагии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад.

Намояндагони аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ва дар радифи онҳо намояндагони аҳли сиёсат ва фарҳангу зиёиён Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат ва наҷотбахши миллат ва асосгузори давлати навини тоҷикон бо самимияти афзун ва меҳру муҳаббати бепоён истиқбол гирифтанд.

Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз вазъи мураккаби сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар ин солҳо ва лаҳзаҳои тақдирсоз, ҳамчун, сиёсатмадори ҷасуру далер амал карда, аз рӯи хиради азалии халқи тоҷик ҳамчун фарзанди сарсупурдаи миллат барои барқарор кардани сохти фалаҷгаштаи давлатдорӣ, иқтисодӣ ва ба даст овардани сулҳу суботи сартосарӣ ҷонфидоӣ намуданд.

Сулҳи тоҷикон ва баъдан пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз ба ному корномаҳои ин фарзанди фарзонаи миллат марбут аст.

Ба ҷашни фархундаи миллӣ, 25 - умин солгарди баргузории Иҷлосияи тақдирсози миллат - анҷумани саодати миллат кулли мардуми шарафманди тоҷик, тоҷикони бурунмарзӣ ва кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ таваҷҷӯҳи калон зоҳир менамоянд. Зеро, сулҳи тоҷикон дастоварди нодири таърихӣ ва таҷассумгари хиради азалии мардуми ориёӣ бо талошу пайгириҳои роҳбари тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, асоси ҳамаи пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва эътирофи ин падидаи нодир дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: