Поянда бод сулҳи тоҷикон!1-07-2016, 16:30
Хабарро хонданд: 256 нафар
Назарҳо: 0
Боиси шодмонӣ аст, ки имсол Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар руҳияи баланди идона ва меҳнати садоқатмандона ба халқу кишвар ва дар арафаи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамон ҷашн гирифта мешавад. Мо тоҷикон аз он ифтихор менамоем, ки бо устуворӣ ва иродаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишварамон имзо шуда, саҳифаи тоза дар таърихи давлатдории навини миллат оғоз гардид. Аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро чун санади арзишманди тақдирсоз хуш истиқбол кард. Ҳукумати кишвар 27-уми июнро ҳамасола Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон кард ва он ҳарсол дар тамоми қаламрави мамлакат ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил мегардад.
Хушбахтии мардуми тоҷик дар он аст, ки дар ҳама ҳолат сабру таҳаммулро пеша карда, маротибае ба марзу бум ва хоки кишвари дигаре чашми тамаъ боз накардааст. Ин худ рамзи ҳимматбаландӣ ва бофарҳангии мардуми шарифи мост. Бешубҳа, низоъ ва кашмакашҳои дохилии кишвар низ бо раъйи мардуми тоҷик рух надода, нақшаи хиёнаткоронаи душманони берунӣ ва нотвонбини давлати тоҷик аст. Миллати халқи тоҷик ва дар маҷмуъ ҳамаи мо – сокинони ҷумҳурии соҳибистиқлол дар марҳилаи тақдирсозе қарор дорем, ки бояд ба умеди ҳеҷ нерӯи беруна нашуда, сарнавишти хешро бояд худамон тарҳезӣ намоем ва бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдату осоиш бо меҳнати ҳалолу садоқатмандона дастурхонамонро пурфайзу баракат ва зиндагониамонро пурзиё гардонем. Мардуми сарбаланди мо ба чунин кору зиндагӣ сазовору арзанда ҳаст. Комрон Баҳромзода. мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.