Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ваҳдати Миллӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Ваҳдати Миллӣ муборак, ҳамватанони азиз!

27-06-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 256 нафар
Назарҳо: 0
Ваҳдати  Миллӣ муборак,  ҳамватанони  азиз!
Имрӯзҳо аз рӯйдоди тақдирсози ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 19 сол сипарӣ мегардад. Мардуми Тоҷикистон аз ҷумла мардуми меҳнатдӯсту сарбаланди ноҳияи Ҷайҳун ин санаи фархундаву сарнавиштсозро ҳар сол бо шукргузорӣ аз истиқлолияти давлатӣ, давлатдории миллӣ, сулҳу суботи пойдор ва дарки масъулияти баланд таҷлил менамоянд. Ба ифтихори ин санаи фархунда тамоми мардуми кишварро самимона табрику шодбош мегӯем.

Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Мо аз халқи азизу миллати соҳибфарҳанги тоҷик, ки бо сабру таҳаммул ва хиради азалӣ тавонистанд оташи ҷанги шаҳрвандиро барқасди нақшаҳои шуми бадхоҳон хомӯш сохта, бо сулҳу созиш, Ваҳдати миллӣ ва майлу иродаи қавӣ роҳи ояндаро барои эъмори як давлати соҳибистиқлоли демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ муайян менамояд, ҳамеша сипосгузорем.

Истиқрори сулҳ ва таъмини Ваҳдати миллӣ бемуболиға яке аз бузургтарин дастовардҳои охири садаи ХХ мебошад, ки ин аз сиришти сулҳпарварона ва ақлу заковати халқи тоҷик шаҳодат медиҳад.

Мо бо роҳбарии Пешвои муаззами худ, Президенти мамлакат, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу субот ва ваҳдату ҳамраъйӣ нақшаҳои бузурги умумимиллиро тарҳрезӣ намуда, ҳадафҳои наҷибу ояндасози давлатдориамонро амалӣ мегардонем.

Бо боварии комил гуфта метавонам, ки сокинони ноҳияи Ҷайҳун мисли тамоми халқи шарифи Тоҷикистон барои ободии Ватани азизамон азму иродаи созандагӣ ва нерӯи бунёдкориашонро дареғ намедоранд, душвориҳои мавҷударо аҳлонаву сарҷамъона бартараф месозанд. Зеро таҳкими дастовардҳои истиқлолият, пояҳои давлатдории миллӣ, пуштибонии амнияту суботи сиёсӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, тақвияти иқтидори иқтисодиву иҷтимоӣ, хулоса рушди рӯзафзуни Ватани азизамон маҳз аз фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вобастагӣ дорад.

Имрӯз мо бояд сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намоем, ба қадру манзалати истиқлолият ва давлатдории мустақилона расем, худро ҳамтақдир ва ҳаммароми миллати хеш донем, аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор намоем ва шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидем.

Дар баробари ин, бояд саъю талош кунем, ки аз ҷараёни босуръати тараққиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ ақиб намонем, наслҳои имрӯзу ояндаро ба сӯи дастовардҳои илмиву ҳунарӣ, техникаю технологияи муосир, воситаҳои иттилоотии замонавӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ ташвиқу раҳнамоӣ созем.

Мову шумо бояд як нуқтаи бисёр муҳимро ҳамеша ва дар ҳама ҷой дар хотир дошта бошем, ки мо танҳо як Ватан, як сарзамини воҳиду муқаддас дорем ва дар ҷаҳон моро бо номи давлату Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломативу хонаободӣ, рӯзгори хушу осуда ва сарсабзиву сарбаландӣ орзу менамоям.

Ҳамеша комёбу сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!
Ҷумагул Шомаҳмадова - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: