Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Эмомалӣ Раҳмон – меъмори сулҳу субот

Эмомалӣ Раҳмон – меъмори сулҳу субот

15-06-2017, 12:48
Хабарро хонданд: 249 нафар
Назарҳо: 0
Эмомалӣ Раҳмон – меъмори сулҳу субот
ГУЛИСТОН. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имкон дод, ки фазои ороми кишварамон таъмин гардида, Тоҷикистон ва мардуми он ба кулли ҷаҳониён ҳамчун миллати бофарҳанг муаррифӣ шавад. Имрӯз давлатҳои ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун давлати сулҳпарвар мешиносанд ва ин таҷрибаро омӯхта истодаанд. Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама, ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва нерӯҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамояд. Пешрафту муваффақиятҳои ҳар оила, қавм, ҳар халқ, ҳар миллат ва ҳар давлат ба муттаҳидӣ ва ягонагии он сахт марбут аст. Санаи 8-уми июни соли равон бахшида ба 20-солагии ҷашни фархундаи тоҷикон Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Гулистон доир ба мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон –меъмори сулҳи субот» мизи мудаввар ташкил ва гузаронида шуд. Сар оғоз ба манзури ҳамагон филми мустанади таърихӣ, ки заҳмату талошҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳи Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба даст овардани сулҳу суботи комил оварда шуда буд, намоиш дода шуд. Баъдан Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода оид ба сулҳу суботи кишвар, шукргузорӣ аз даврони Истиқлолият маърӯза кард. Дар баромади худ қайднамуд, ки дар чунин як замони тақдирсози миллат, пойдории истиқлолият, баъд аз овардани сулҳи комил, таҳкими ваҳдати миллӣ ва зина ба зина қадам гузоштан ба сӯи пешрафти мамлакат яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як фарди ҷомеаи Тоҷикистони азиз мебошад. Муовини раиси ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳр Сановбар Нуруллоева дар баромади худ мисолҳои дақиқ аз ҷанги шаҳрвандии соли 1997 овард. Дар мизи мудаввар беш аз 40 нафар фаъолони ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ширкат варзиданд. Раиси ташкилоти ибтидоии шуъбаи фарҳанг Биомина Мирзоева, сармуҳаррири рӯзномаи «Соҳил» Абдуманнон Одинаев, аъзои Шурои собиқадори ҲХДТ Саиднисо Воситова фикру андешаҳои хешро оид ба расидан ба қадри ин неъмати ширини бебаҳои даврони Истиқлолият Ваҳдати миллӣ сухан намуданд. Дар интиҳо Муовини кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ муҳтарам Ҷалилов Анвар Расулович оид ба таърихи ба имзорасидани Созишномаи сулҳ ҳарф зад ва ҳамагонро бо Иди Ваҳдати миллӣ шодбош намуд. Мизи мудаввар дар шаҳри Гулистон басо хотирмон гузашт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: