Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МАҶЛИСИ УМУМИИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

МАҶЛИСИ УМУМИИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

15-06-2017, 13:49
Хабарро хонданд: 405 нафар
Назарҳо: 0
МАҶЛИСИ УМУМИИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Тибқи ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе , дар ташкилоти ибтидоии “Экспертиза”-и ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ бо иштироки А. Муминов - мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти ҲХДТ дар ноҳияи Сино баргузор гардид.
Ҷаласаро Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Экспертиза” Рабиев Нуралӣ бо сухани ифтитоҳи кушода аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис “Оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давраи аз моҳи январи соли 2015 то июни 2017 сол” ва бо суханҳои табрикоти ба муносибати 20-умин солгарди ҷашни “Ваҳдати миллӣ” ҳусни оғоз бахшид.
Аз ҷумла раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ зимни баромади ҳисоботии худ қайд намуд, ки ташкилоти ибтидоӣ дар давраи соли 2015 фаъолияти худро дар марҳилаи омодагиҳо ба маъракаҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ, аз ҷумла маъракаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳалли вакилони халқ оғоз намуд.
Ҳамчунин раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ зимни баромади ҳисоботии худ ёдовари кард, ки фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Экспертирза”-и ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар давраи фаъолияти соли 2016 ба даврае рост омад, ки кулли мардуми кишвар дар остонаи чорабиниҳои муҳими фарҳангию сиёсии кишварамон, аз ҷумла Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (20.01.2016), қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”, раъйпурсии умумихалқи оид ба тайғиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.05.2016), таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ, 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷиикистон, таҷлили “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарор доштем.
А. Муминов - мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз рӯи масъалаи дуюми маҷлис интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва интихоби вакил ба Конференсияи XXXIV-уми ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баромад намуд.
Дар рафти маҷлис бо овоздиҳии якдилона Рабиев Н. аз нав раиси ташкилоти ибтидоии “Экспертиза”-и ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе интихоб гардид.
Оиди масъалаи сеюм, интихоби вакилон барои иштирок дар Конференсияи XXXIV-уми ҳисоботӣ – интихоботӣ аз ташкилоти мазкур шаш вакил бо тариқи овоздиҳӣ интихоб карда шуданд.
Дар фарҷоми маҷлис А. Муминов аз нақши беҳамтои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханрони намуда ҳамаи иштирокчиёнро барои боз ҳам содиқ будан ва софдилона иҷро намудани вазифаҳои худ дар назди миллату давлат даъват намуданд


Мутахассиси шуъба таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҷ. Нарзиқулов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: