Дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Нури Шамс» бо иштироки Заррина Шаймуродова – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Изатуллои Ҳабибзод муовини раис- роҳбари дастгоҳ ва Гулистон Каримова- мутахассиси Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия маҷлиси муассисон баргузор гардид.
Сараввал, Анвар Қодиров – Директори иҷроияи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Нури Шамс» маҷлиси муассисонро ифтитоҳ намуда, дар идома аз ҷумла қайд намуд, ки мо аҳли кормандони ҷамъият ҳамеша аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣӣ Раҳмон дастгирӣ намуда, дар партави ғамхории бевоситаи он фаъолият дорем. Ҳамчунин ӯ ёдовар шуд, ки имрӯз бо мақсади дастгири аз сиёсати Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ ва муттаҳид будан дар як ақида мо аҳли кормандон тасмим гирифтем, ки дар назди ҷамъияти мо ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис дода шавад.
Сипас, аз рӯи рӯзномаҳои маҷлиси оиди қабул ба сафи ҲХДТ, таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, номгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, интихоби раис ва котибот ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Изатуллои Ҳабибзод муовини раис- роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баромад намуда, ёдовар шуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва мутобиқи банди 4.2-и Оинномаи ҲХДТ дар ҳолати мавҷуд будани 5 нафар узви ҳизб ва ё зиёда он ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ташкил карда мешавад. Ҳамчунин ӯ ёдовар шуд, ки имрӯз хушбахтона 13 нафар кормандони Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди «Нури Шамс» дар асоси аризаи шахсияшон ва иродаи сиёсиашон муайян намуда ба сафи ҲХДТ шомил шуданд. Ин имконият медиҳад, ки дар Ҷамъияти дорои Ммасъулияташ маҳдуди «Нури Шамс» ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис дода шавад.
Аз рӯи ин масъала Вафоева Раъно - аъзои ҳизб ва дигарон низ баромад намуда, хоҳиш намуданд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Нури Шамс» номгузорӣ карда шавад ва ҳамчунин аъзои ҳизбӣ ташкилоти мазкур оиди интихоби раис ва котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баромад намуда, пешниҳод намуданд, ки Анвар Қодиров – Директори иҷроияи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Нури Шамс» раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нури Шамс» ва Искандарова Муҳаббат- котиби ташкилот интихоб карда шаванд.
Лозим ба зикр аст, ки аз рӯи масъалаҳои муҳокима гардида, бо овоздиҳии аъзоёни ҳизб мутобиқи бандҳои 4.2 ва 4.4-и Оинномаи ҲХДТ қарор қабул карда шуд.
Раиси тозаинтихоби ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нури Шамс» Қодиров Анвар дар назди ҳозирин баромад намуда, аз дастгирии роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия ва аъзои ҳизб барои бовари ва интихоб намудан ба ҳайси раис изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки дар оянда мо кушиш менамоем, ки ҳамчун аъзои фаъоли ҳизб ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии намунавӣ бошем ва баҳри амали намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаи ҳизб дар ҷомеа тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамоем, то ки нуфузи ҳизбамон ва ташкилоти ибтидоии ҳизбиамон дар ноҳия боз ҳам бештар гардад.
Дар фаромади маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нури Шамс» Заррина Шаймуродова – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе суханрони намуда, аз аъзои ҳизб даъват ба амал овард, ки бо иштироки фаъолона ждар чорабиниҳои сиёсӣ ва ташаббусҳои созанда дар амали намудани Барнома ва Оинномаи Ҳизби Халки Демократии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.
Дар идома гуфта шуд, ки ҲХДТ зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар буда дар сафҳои худ ҳамаи қишрҳои ҷомеаро ки Оиннома ва Барномаи ҳизбро эътироф мекунанд, муттаҳид намудааст. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нури Шамс» ҳамчун аъзои фаъол ва содиқи ҳизб хоҳанд шуд ва садоқати худро баҳри соҳибистиқлоли кишвар ва ваҳдати сартосарии ҷомеаи Тоҷикистон ва Ҳизби Халки Демократии Тоҷикистон равона хоҳанд намуд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино