Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Конференсияи ҳисоботию интихоботӣ: фаъолият хуб арзёбӣ гардид

Конференсияи ҳисоботию интихоботӣ: фаъолият хуб арзёбӣ гардид

1-06-2017, 08:42
Хабарро хонданд: 358 нафар
Назарҳо: 0
Конференсияи ҳисоботию интихоботӣ: фаъолият хуб арзёбӣ гардид
ИСФАРА. Конференсияи ХХV Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара , дар кохи фарҳанги шаҳр бо иштироки 330 нафар вакилон баргузор гардид ва масъалаҳои зайл мавридибаррасӣ қарор гирифт: Ҳисоботи кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара дар давраи аз июни соли 2015 то майи соли 2017; Ҳисоботи комиссияи тафтишотии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара; Интихоби ҳайати нави кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара; Интихоби ҳайати нави комиссияи тафтишотии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара; Интихоби вакилон ба конференсияи ХII Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд. Раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Б. Асадуллоев оид ба фаъолият дар давраи аз июни соли 2015 то майи соли 2017 ҳисобот пешниҳод кард. Қайд гардид, ки кумитаи иҷроияи шаҳрӣ дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро дар самтҳои роҳандозии корҳои таблиғотӣ; ташаккули сохтори кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ва вусъати фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ; пешбурди демократияи дохилиҳизбӣ; ба роҳ мондани чорабиниҳои оммавии фарҳангию маърифатӣ; тақвияти ҳуҷҷатнигорӣ; густариши фаъолияти ҳизбии вакилони Маҷлисҳои маҳаллии аз ҷониби ҲХДТ пешбаришуда; баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва коргузории кормандони ҳизбӣ; таъмини интизоми қатъии дохилиҳизбӣ ба роҳ монда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ аз ҷониби раиси он Хӯҷаев А.М. пешниҳод гардид. Вакил аз кумитаи иҷроияи ибтидоии беморхонаи марказии шаҳр, котиби кумитаи иҷроияи ибтидоӣ Ӯлмасова С., вакил аз ташкилоти ибтидоии кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Шаропов С., вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мадад” Нарзиддинова Ш. ба музокира баромада, фаъолияти кумитаи иҷроияи шаҳриро хуб арзёбӣ намуданд. Дар кори конференсия муовини аввали раиси кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Ҷалилов А.Р., узви раёсати кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, раиси шаҳри Исфара Расулзода Д.Ҷ., ходими ҳизбию давлатӣ Савриддинова Г.С., узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шораҳматов А.Ш. иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳайати нави кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара иборат аз 47 нафар, ҳайати комиссияи тафтишотии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара иборат аз 5 нафар ва 50 нафар вакилон ба конференсияи ХII Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд интихоб карда шуданд. Конференсияи ХХV Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ баргузор гашт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: