Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Конференсияи 17-уми ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон

Конференсияи 17-уми ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон

1-06-2017, 08:58
Хабарро хонданд: 332 нафар
Назарҳо: 0
Конференсияи 17-уми ҲХДТ дар шаҳри БӯстонХДТ дар шаҳри Бӯстон баргузор гардид.Дар Конференсия Муовини Раиси ҲХДТ Бобоҷониён Раъно Маҳмудзода, Раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода ва Раиси шаҳри Бӯстон Рухсора Давлатзода иштирок варзиданд. ДарКонференсия аз 60 нафар вакилони интихобшуда 57 нафар иштирок дошта 3 нафар бо сабабҳои узурнок ҳузур надоштанд. Ҳамчунин, дар Конференсия аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр даъват гардида, иштирок намуданд. Дар Конференсияи 17-уми ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд:
1.Ҳисоботи кумитаи иљроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон дар давраи аз моҳи июли соли 2014 то моҳи майи соли 2017
2. Ҳисоботи комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон
3. Интихоби ҳайати нави Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар шаҳр Бӯстон.
4 .Интихоби нави комиссияи тафтишотии Кумиҷроияи шаҳри Бӯстон.
5.Интихоби сармуҳаррири нашрияи ҳизбии шаҳрии «Садоқат»
6.Интихоби вакилон ба Конференсияи – КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд
7.Масъалаҳои љорӣ.
Оиди масъалаи аввал Ҳисоботи КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон дар давраи аз моҳи июли соли 2014 то моҳи майи соли 2017 Раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Мухторова Г.У. баромад намуда, сипас вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии шаҳр ба музокира баромаданд. Зимни суханронӣ муовини Раиси ҲХДТ Бобоҷониён Р.М., оиди масъалаҳои дохилиҳизбӣ ва афзоиши сафи аъзоён, фаъолиятиқабулгоҳи ҷамъиятӣ, кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ баромад намуд. Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода оиди иҷрои самараноки дастуру супоришҳои Раиси ҲХДТ зимни суханронӣ дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, ҷоннок намудани фаъолияти ситоди Обуна 2018 дар ташкилотҳои ибтидоӣ, тақсимоти дурусти меъёри обуна дар байни аъзоён ва масъалаҳои дохилиҳизбӣ сухан кард. Фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон дар давраи аз моҳи июли соли 2014 то моҳи майи соли 2017 аз ҷониби вакилон қаноатбахш арзёбӣ гардид. Бо назардошти он ки дар асоси моддаи 25-уми Оиннома тартиби овоздиҳӣ ва дар асоси банди 12-уми Низомномаи ҳизб интихоби вакилони Конференсияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ба салоҳияти Конференсияи шаҳрӣ дода шудааст, гурӯҳи корӣ руйхати 11 нафар вакилонро барои иштирок ба Конференсияи вилоятии ҲХДТ пешниҳод намуда, рӯйхат тасдиқ карда шуд. Аз шумораи умумии вакилони пешниҳодшуда 4 нафар занон ва 2 нафар љавонон, 2 нафар аз соҳаи маориф, 1 нафар соҳаи саноат, 1 нафар аз соҳаи тандурустӣ, 1 нафар иќтисодчӣ ташкил медиҳанд. Дар баробари баррасии масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор ба овоз монда шуда, тасдиқ карда шуданд. Пас аз анҷоми Конференсияи 17-уми ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон маҷлиси якуми кумиҷроияи шаҳрӣ баргузор гардида, дар он ду масъала оиди интихоби ҳайати нави Раёсати кумиҷроияи шаҳрӣ ва рафти Обуна ба рузномаҳои ҳизбӣ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор тасдиқ карда шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: