Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳисоботи ҳизбиён дар мақомоти олӣ- Конференсия

Ҳисоботи ҳизбиён дар мақомоти олӣ- Конференсия

23-05-2017, 15:27
Хабарро хонданд: 194 нафар
Назарҳо: 0
Ҳисоботи ҳизбиён дар мақомоти олӣ- Конференсия
Панҷ. Мувофқи Оинномаи ҲХДТ ва қарори маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз 4.04.2017 Конференсияи ҳисоботӣ- интихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ рӯзи 20 майи соли 2017 баргузор гардид.
Дар Конференсия 205 нафар вакилон аз 39 ташкилоти ибдидоӣ иштирок намуданд.
Рӯзномаи Конференсия бо баррасии 5 масъала: ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ (аз ноябри соли 2014 то майи соли 2017), ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҳизб дар ҳамин давра, интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, интихоби ҳайати нави комиссияи тафтишотии ҳизб ва интихоби вакилон ба Конференсияи навбатии ҲХДТ дар вилояти Хатлон қабул гардид.
Аз ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Ё.Носиров бармеояд, ки ташкилотҳои ҳизбӣ дар ин давраи ҳисоботӣ баҳри амалӣ гардидани Қарорҳои Анҷумани Х11 ҲХДТ, дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб, Баронома ва Оинномаи ҳизб корҳои мушаххасро ба ҷо оварданд.Ҳисоботи ҳизбиён дар мақомоти олӣ- Конференсия

Дар ин давра 5 ташкилоти ибтидоӣ таъсис дода, бештар аз 2058 нафар эътиқодмандон ба сафи ҳизб қабул гардидаанд.
Комиҷроия пайваста кӯшиш намуд, ки таъиноти хешро дар баланд бардоштани тарбияи маънавии ҷомеа, мустаҳкам кардани иқтидори иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ саҳми арзанда гузорад.
Ҳамасола, Комиҷроия ба кори амалии 25-30 ташкилоти ибтидоӣ шинос гардида, дар амалӣ кардани вазифаҳои ҳизбӣ маслиҳату дастурҳо медиҳад.
Дар назди Кумитаи иҷроия гуруҳҳои доимамалкунандаи таблиғотӣ, Ситодҳои таблиғотӣ бо фарогири гурӯҳҳои мобилӣ ва фарҳангӣ дар деҳот фаъолият менамоянд, ки фаъолияти онҳо бештар аз наздик ба омма расонидани даствардҳои даврони истиқлолият, сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Ҳисоботи ҳизбиён дар мақомоти олӣ- Конференсия


Дар ин давра дар ноҳия «Рӯзҳои ҳизб» дар 5 ҷамоати деҳот, аз ҷӯмла 76 деҳа ва 52 маҳалла баргузор гардид. Дар ин раванди «Рӯзҳои ҳизб» ба 40 нафар оилаҳои камбизоат, 15 нафар собиқадори ҷангу меҳнат кӯмакҳои яквақта расонида шуд.
Бахшида ба истиқболи 25-солагии Истииқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аксияҳои ҳизбӣ таҳти унвони «Китоби Шоҳномаи Абулқосими Фирдавсӣ» ва Китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»»-и Асосгузори сулҳку ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида шуд.
Яке аз самтҳои асосии ҳизбиён дар ин давра омодагӣ дар баргузории интихоботи парлумонӣ ва вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ, ки 1 марти соли 2015 баргузор гардид ва раъйпурсии умумихалқӣ оиди қабули тагйиру иловаҳо ба Конститутсияи мамлакат, ки 22 майи соли 2016 баргузор гардид, дониста шуданд, ки ин маъракаҳои сиёсӣ дар сатҳи баланди сиёсӣ ва фарҳангӣ ҷамъбаст гардиданд.
Баҳри амалӣ гардидани нуқтаҳои Паёми наввбатии Президенти икшвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, айни ҳол дар ноҳия озмун ва аксияҳои ҳизбӣ оиди ҷалби ҷавонон ба навоварию ихтироъкорӣ, об ва ҳифзи муҳити зист, дастгирии ятимони бемору маъюб ва пешгирии воридшавию истифодабарии маводҳои дорувории қалбакӣ бо ҷалби фаъолони ҳизб, Ситодҳои доимамалкунандаи таблиғотӣ, гурӯҳҳои мобилӣ, ҷамъияти таблиғотии «Фарҳанги сиёсӣ» ва бахши ҷамъиятии ҷавонон «Созанадгони Ватан» роҳандозӣ карда шудааст.
Натиҷаи ҳамин аст, ки ҳоло дар таъмини ислоҳоти иқтисодии хоҷагии халқи ноҳия, тарбияи маънавии мардум дигаргуниҳои ҷиддӣ ба назар мерасад. Мардум пайи ободии диёр ва бартраф намудани нуқсонҳои зиндагӣ заҳмату хизмат карда истодаанд. Симои шаҳру деҳотамон ба куллӣ тағйир ёфта, кӯчаю хиёбонҳо бо бунёдкориҳои нави замонавӣ симои худро дигар карда истодаанд.
Ҳамчунин, оиди камбудию норасоиҳое, ки ҳоло ҳам дар фаъолияти ҳизбиёни ноҳия вуҷуд доранд, дар Конференсия аз ҷониби музокирачиён баён гардиданд.
Вазъи молиявӣ ва пардохти узвияти ҳизбӣ, ба низом даровардани муносибатҳои молиявӣ дар Комиҷроия ва ташкилотҳои ибтидоӣ аз ҷониби комиссияи тафтишотӣ муффасал таҳлил карда шуд.
Дар кори Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода, узви раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳия Сайфуддинзода М.К. иштирок ва баромад намуданд.
Ҳайати нави Кумитаи иҷроия, комиссияи тафтишотӣ ва вакилон ба Конференсяии 11-уми ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб гардидаанд.
Конференсия ҳизбиёни ноҳияро вазифадор намуд, ки минбаъд низ фаъолияти кори худро ба мақсади амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пурзӯр намудани тарбияи маънавӣ, ахлоқии ҷавонон чораҳои мушаххас андешида, барои боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон бо истифода аз Ситодҳои ҳизбӣ, гурӯҳҳои мобилӣ ва «Фарҳанги сиёсӣ» дар ҳудуди маҳаллаву деҳаҳои шаҳраку деҳот пурзӯр намоянд.
Дар хотимаи кори Конференсия ба якчанд нафар фаъолони ҳизб Сипосномаю Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ноҳия дар фазои тантанавӣ тақдим гардиданд.
Кори Конференсия бо пахши Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шуд.

Ҳошимов Т.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: