Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда

Вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда

1-06-2017, 09:07
Хабарро хонданд: 151 нафар
Назарҳо: 0
Вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда
ИСТИҚЛОЛ. Рӯзи гузашта Конференсияи 15-и ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол доир гашт. Дар конференсия вакилон аз тамоми ташкилотҳои ибтидоии шаҳри Истиқлол ширкат варзиданд. Баъд аз садо додани Суруди Миллӣ, ки вакилони Конференсия онро зинда хонданд, оид ба масъалаи якуми рӯзнома Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол Насруллоева Д.Қ. оид ба фаъолияти кумиҷроия дар давоми 2,5 соли охир ҳисоботи муфассал намуда, ба таври таҳлилӣ оид ба самтҳои асосии кор маълумот дод. Собиқадори ҳизб Идиев Х. дар музокира баромад намуда, оид ба пешравиҳои назаррас дар фаъолияти кумиҷроияи шаҳр дар давоми давраи ҳисоботӣ қайд намуда, баҳри боз ҳам фаъолтар шудани ҳизбиён якчанд маслиҳатҳо дод. Вобаста аз ин, дар самтҳои кор бо аҳолӣ, аксарият бо занону ҷавонон, пешравиҳо ба қайд гирифта шудааст. Нисбат ба солҳои гузашта, соли 2014 қабули ҷавонон ба сафи ҳизб афзудааст. Кор бо занон ҳам дуруст ба роҳ монда шуд. Дар равандҳои мазкур як силсила корҳо ба анҷом расонида шуд. Оид ба масъалаҳои мазкур раиси намояндагииТҶҶ «Созандагони Ватан» Ниёзов М.Н. ва раиси комиссияи кор бо занони назди кумиҷроияи шаҳри Истиқлол Азизова М.О. бо маърӯза баромад карданд. Дар бораи кори комиссияи тафтишотӣ раиси комиссия Кузиев Н.Б. ҳисобот дод, ки дар он ҳамаи самтҳои фаъолияти комиссия акси худро ёфтанд. Баъд вакилони Конференсия ҳайати нави кумиҷроияро аз ҳисоби намояндагони ташкилотҳои ибтидоии шаҳр интихоб намуданд. Баъд аз интихобот Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол Насруллоева Д.Қ. аъзоёни навинтихобшудаи кумиҷроияро табрик намуда, ба онҳо дар кори пурмасъули ҳизбӣ муваффақиятҳо таманно кард. Сипас муовини аввали Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд мӯҳтарам Ҷалилова А.Р. баромад намуда, дар бораи пешравиҳо ва масъалаҳои асосии фаъолияти кумиҷроияи шаҳри Истиқлол, дар бораи роҳҳои ҳалли мушкилотҳои мавҷуда суханронӣ кард. Баъд аз ин оид ба масъалаи панҷум иштирокчиёни Конференсия барои иштирок дар Конференсияи 12-уми ҲХДТ дар вилояти Суғд вакилони арзандаро якдилона интихоб намуданд. Овоздиҳии вакилон дар кори Конференсия баъд аз эътироф намудани ваколати вакилон бо ваколатномаҳо амалӣ гардид. Дар охир Раёсат ташкилотҳои беҳтарин ва фаъолони ҳизбро барои ширкати фаъол дар ҳаёти ҳизбӣ ва сиёсӣ, дастовардҳои назаррас дар давоми давраи ҳисоботӣ бо Ифтихорномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шудаанд. Ин амали Кумиҷроия барои боз ҳам наздиктар ва аҳл гардидани ҳизбиён, барои баланд бардоштани руҳияи дӯстиву якдилии ҳамаи аъзоёни ҳизб равона шудааст. Тамоми ташкилотҳои ибтидоии шаҳри Истиқлол аз фаъолияти якдигар бохабар шуда, байни онҳо мусобиқа барои ба даст овардани бурдбориҳо дар ҳамаи самтҳои фаъолияти ҳизбӣ эълон гардид. Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол Насруллоева Д.Қ. ба ҳамаи иштирокчиёни Конференсияи барои иштироки фаъол миннатдорӣ баён намуда, барои саривақт ва босифат иҷрои Қарорҳои Конференсия, амалӣ шудани Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, дастуру супоришҳои Кумитаҳои Иҷроияи Марказӣ ва Вилоятӣ даъват намуд. Ӯ боз изҳори боварӣ кард, ки тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол таҳти роҳбарии Кумитаи Иҷроия баҳри боз ҳам мустаҳкам намудани мавқеи ҳизбамон дар ҷомеа саҳми босазо мегузоранд. Умуман, кори Конференсияи 15-уми ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол ботантана ва дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: