Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Конференсияи XXVII ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Конференсияи XXVII ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

1-06-2017, 08:39
Хабарро хонданд: 486 нафар
Назарҳо: 0
Конференсияи XXVII ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
н.БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Ҷиҳати иҷрои фармоиши Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 5 апрели соли 2017 ,дар толори калони МИҲД — и ноҳия Конференсияи XXVII ҳисоботӣ — интихобтии ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Тибқи рӯзномаи Конференсия 6 масъала: Ҳисоботи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз моҳи ноябри соли 2014 то моҳи майи соли 2017, Ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ дар давраи ҳисоботӣ, интихоби ҳайати нави кумитаи иҷроия ва комиссияи тафтишотӣ, интихоби вакилон ба конференсияи XII ҲХДТ дар вилояти Суғд ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасиву муҳокима қарор гирифт. Дар кори Конференсия муовини Раиси ҲХДТ Бобоҷониён Ранохон Маҳмудзода, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фаттоҳзода Сарфароз, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Назирӣ Зариф Вализода иштирок ва баромад намуданд. Роҷеъ ба маърӯзаи раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Назаров НаимҷонМуқимҷонович дар давраи ҳисоботӣ, вакилон Ахмедова Холида – аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан», Муллобоев Абдурауф – раиси ташкилоти ибтидоии беморхонаи ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонов, Раҳимов Абдухолиқ – раиси ташкилоти ибтидоии маҳаллаи «Фрунзе» — и ҷамоати деҳоти Хистеварз баромад намуда фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Дар охир фаъолони ҳизб, ки дар беҳдошт ва пешрафти кору пайкори ташкилотҳои ҳизбӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд бо Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Ифтихорномаи кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ сарфароз гардонида шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: