Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Конференсияи ХVIII КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ

Конференсияи ХVIII КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ

1-06-2017, 08:49
Хабарро хонданд: 238 нафар
Назарҳо: 0
Конференсияи ХVIII КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ
МАСТЧОҲ. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ Конференсияи ХУ111-уми кумиҷроияи ноҳиявӣ баргузор гардид. Пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби ҳайати раёсат, комиссияҳои мандатӣ, таҳририя Конференсия ба кори худ шуруъ намуд. Конференсия аз рӯи масъалаҳои ҳисоботи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ дар давраи солҳои 2015-2017, ҳисоботи Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ дар давраи солҳои 2015-2017, интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ, интихоби ҳайати нави Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ, интихоби сармуҳаррири нашрияи ҳизбии ноҳиявии “Нигоҳи Халқ” ва интихоби вакилон ба Конференсияи Х11-уми ҲХДТ дар вилояти Суғд кори худро оғоз кард. Аз рӯи масъалаи аввал Дилшод Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ баромад намуда, оид ба муҳимтарин паҳлӯҳои фаъолияти кумиҷроия дар давраи ҳисоботӣ (аз соли 2015 то моҳи майи соли 2017) маълумот дод. Таъкид гардид, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ тибқи Оинномаи ҳизб барои татбиқи Барномаи он ҳамеша талош меварзад. Айни замон дар 46 ташкилоти ибтидоӣ 3545 нафар аз сокинони Мастчоҳ аъзои ҲХДТ мебошанд, ки аз онҳо 1534 нафарро ҷавонон ва 1577 нафарашро занон ташкил медиҳанд. Зиёдшавии аъзои ҳизб аз замони баргузории Конференсияи ХУ11, ки 1337 нафарро ташкил медод, то Конфренсияи имрӯза 2208 нафар мебошад, ки 165 фоизро ташкил медиҳад.
Конференсияи ХVIII КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ
Афзоиши аъзои ҳизб ба ҳисоби миёна аз Конференсияи ХУ11 то Конференсияи ХУ111 дар як рӯз 4 нафар маҳсуб меёбад. Аз теъоди умумии аъзои ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ 1140 нафар (32 фоиз) дар соҳаи маориф ва 442 нафар (12 фоиз) дар соҳаи тандурустӣ фаъолият доранд, ки аз фаъолнокии ташкилотҳои ибтидоии “Маърифат”, “Омӯзгор”, “Саманд”, “Шифо”, “Сино”ва “Дармон” дарак медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ 7 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ташкил ёфт, ки калонтарини онҳо “Ресанда” буда, дар назди корхонаи ресандагии ба номи “20 – солагии Истиқлолият” фаъолият дорад ва 221 нафар (6 фоиз) аъзои ҳизбро муттаҳид кардааст. Сипас бо пешниҳоди раёсати Конференсия ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ низ шунида шуд ва дар қисмати музокиравӣ вакилон Ч. Комилҷон, Н. Султонов, И. Раҳимова,ба сухан баромад. Фаъолияти кумиҷроияро қаноатбахш арзёбӣ карданд. Аз рӯи масоили дигари рӯзнома низ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Дар Конференсия раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода ва роҳбари Дастгоҳи КИ ҲХДТ дар виояти Суғд Фаррух Зоҳидов иштирок ва суханронӣ карданд. Дар охири Конференсия ба як гуруҳ ҷавонони фаъол, ки барои узви ҲХДТ шудан ариза навишта буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим гардиданд. Инчунин ба фаъолтарин узви ҲХДТ Рустам Рустамов медали “20 – солагии ҲХДТ” тақдим гардид. Ҳамчунин, ба 6 нафар ғолибони озмуни Стипендияи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Шаҳодатнма ва маблағи он супурда шуданд. Пас шунидани таклифу пешниҳодҳо қабул намудани қарорҳои дахлдор Конференсия кори худро ба итмом расонд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: