«Мо ҳомиёни ин Ватанем»21-09-2015, 16:00
Хабарро хонданд: 495 нафар
Назарҳо: 0
Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» бо мақсади тарбияи ҳарбӣ-ватандўстии ҷавонон, омода намудани онҳо дар рўҳияи пос доштани арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба Ватан-Модар, ҳифзи марзу буми он, муқаддас шуморидани ҳар ваҷаб хоки ин сарзамини аҷдодӣ дар асоси нақшаи фаъолияти худ маҷмўи чорабиниҳоро таҳти унвони «Мо ҳомиёни ин Ватанем» эълон намуд.
Дар заминаи ин иқдом ташкилот тасмим гирифтааст, ки дар мувофиқа бо сардорону роҳбарони қисмҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо то анҷоми маъракаи даъвати тирамоҳӣ чорабиниҳои гуногун, амсоли аёдати волидони сарбозон, ташкили боздиди ҷавонон аз қисмҳои ҳарбӣ, намоиши маҳорати ҷангии сарбозон ба ҷавонон ва дигар чорабиниҳоро, ки ба тарбияи ҳарбӣ- ватандўстии ҷавонон мусоидат менамоянд, роҳандозӣ намояд. Гуфта мешавад, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар маҷмӯъ барои муташаккилона доир гаштани маъракаи даъвати тирамоҳии сарбозон ва тарбияи ҳарбӣ- ватандўстии ҷавонон мусоидат менамояд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.